Ба чеҳраи аз дарди ҷигар кабудфом ва чашмони маҳзуни янгаам нигариста, гиряҳои зор-зори модарам ва ҷилваҳои ў пеши назарам меомад. Дар ин байн он қадар фосилаи зиёде нест, ҳамагӣ панҷ солак гузаштааст…
Ёди рўзгори ширин…
Оилаи мо яке аз оилаҳои сарватманди музофот ба шумор мерафт, падарам директори заводи пахтатозакунии ноҳия буду кордаш болои равған. Модари порсою меҳнатиям бошад, ғайри байни чор девори падар ва меҳмонҳои зиёди ў дигар ҷоеро надида буд. Модарҷонам зани зебое буд, қомати баланд, мўйҳои марғулаи аз зону поён, пўсти нафиси сап-сафед ва роҳгардиҳои ба худаш зебандае дошт. Ёд надорам, ки ў боре ба абрўвонаш ўсма ё ба чашмонаш сурма кашида, ё барои нигоҳ доштани таровати пўсташ ба рўяш малҳаме молида бошад. Ҳамин тавр табиӣ зебо буд модарҷонам.
Дар оила чор нафар будем - ду писар ва ду духтар. Падарам ба ҳамаи мо маълумоти олӣ дод. Ману хоҳарам муаллима, бародари калониям рӯзноманигор ва додарамон муҳандис шудем. Азбаски модарам дар деҳа ва байни меҳмонҳои сарватманди падарам чун як зани бениҳоят хуб ном бароварда буд, “модара бину духтарашро гир гуфта”, ба мо хостгорони зиёде меомад. Падарам аввал бародари калониямро хонадор карду баъд ману хоҳарамро ба хонадонҳои хубу фарҳангӣ ба шавҳар дод. Зиндагии оилавиямон якмаром идома дошт, янгаам ниҳоят бонуи кордону меҳрубон буд, модарам келинашро дўст медошту баъзан аз мо зиёдтар эркааш мекард.
Келин не, бало…
Балову мусибат, ҷангу пархош ва бесарусомонӣ баъди хонадор шудани бародари хурдиям ба хонаи мо сар халонд… Байни рафиқони падарам марди тоссари хомфарбеҳе буд, ки занакмиҷозу гадотаъб ба назар мерасид. Ин мард ронанда буду ҳамеша ҳамроҳи мансабдорон гашта, ба онҳо хушомад мезад, даркор шавад, бо забонаш кафшҳои онҳоро мелесид. Ҳангоми меҳмониҳои калон ў дар ошхона ҳамроҳи модарам ҷумбуҷул мекард, нон мебурду коса меовард, табақҳои холишударо аз дастархон мегирифт. Модарамро хола мегуфт, баъдҳо аз забони модарам шунидам, ки модари ҳамин мард аз деҳаи модарам будааст. Мо байни худ ўро Асо-девона мегуфтем, зеро падару амакҳои мо хеле мардони ҷиддию босалобат буданду ин гуна марди занакмиҷозу талбанда дар назарамон ғалатӣ метофт. Модарам низ, ба мо тақлид намуда, ўро Асо-девона мегуфтагӣ шуд. Акнун чӣ мегўед, ки падари ман бо ҳамин Асо, нонхӯри дараш қудо шуд…
Модарам нею нестон карда, гуфт, ки “аз Асо чӣ гуна духтар мерўида бошад? Ман писарамро ҳайф карданӣ нестам...”.
Аммо падарам ду пояшро ба як мўза тиқонда, гуфт:
- Зани Асо-девонаи мегуфтагии ту мисли парӣ зебо асту монанди ту намозхону ҳунарманд. Ҳафт бародараш рўйи мансаб, танҳо худаш ҳамин гуна шӯх аст…
Падари ман шахсе набуд, ки гапашро ду карда шавад, аз ин рў, модарам бо гарадани баста, савғои бисёре бардошта, ба хонаи Асо-девона ба хостгорӣ рафт. Аз додарам ҳатто напурсиданд, ки ту бо ҳамин духтар издивоҷ кардан мехоҳӣ ё не? Дар хонаи Асо моро бо шукўҳу шаҳомати зиёде пешвоз гирифтанду бо хурсандии зиёд розигӣ доданд. Гапи падарам рост баромад, зани Асо-девона зани зебо, бо дасту панҷа ва хеле меҳрубон, кампири модараш болотар аз ҳамсараш моро пазироӣ кард, ҳафт бародари ў мансабдор низ будаанд, аммо модарам то ҳол норизо буд…
Бо эҳтиром, МАРҲАМАТ
Таснифи ДИЛОШӮБ