Моҳпайкар дар оғози зиндагиаш аз ҳаёт розӣ буд. Шавҳари меҳрубону фарзандони зебо ва зиндагии ширин-барои зан аз ин бештар чӣ лозим?! Шавҳари Моҳпайкар-Шавкат табиатан марди дилёбу вафодор буд ва тӯли бист соли зиндагиашон ягон бор ба сари занаш садо баланд намекард. Занҳои дигар, ҳатто хоҳарони Шавкат ба Моҳпайкар рашк мебурданд, ки зани худодод аст ва чунин шавҳари ғамхор дорад. Зиндагиашон шоҳона набошад ҳам, камбағалу нодор набуданд.
Ширинтар аз асал буд ҳаёташон, то вақте ки фарзандонашон ба камол расиданд. Бадбахтиҳои Моҳпайкар баъди зангир шудани писараш сар шуда, оқибат ба хонавайронӣ оварданд.
Маслиҳати ҷӯраҳо
Шавкат, ки рафиқони зиёд дошт, рӯзе дар ҳалқаи дӯстон гуфт, ки нияти хонадор кардани писарашро дорад. Дӯсти наздиктаринаш Саидакбар аз тасмими Шавкат огоҳ шуда, шӯхиомез гуфт:
-Куҷо сарсон шуда келин мекобӣ? Биё, духтари худамро келин кун!
Шавкат духтари боодоб ва хеле зебои дӯсташро медонист, аз ин хотир бо ҷиддият ҷавоб дод:
-Барои чӣ не гӯям? Қудо шавем, боз ҳам наздиктар мешавем!
Дӯстони дар он ҷо ҳузурдошта бо як оваз «омин» гуфтанд, аммо «омин»-и онҳоро аз афташ фариштаҳо дастгирӣ накарда будаанд…
Бегоҳирӯзӣ Шавкат ба хона баргашта, тасмимашро дар мавриди келин кардани духтари дӯсташ ба занаш гуфт. Моҳпайкар оилаи Саидакбарро надонад ҳам, дарҳол ба фикри шавҳараш розӣ шуд. Маслиҳат карданд, ки ду-се рӯз пас ба хонаи Саидакбар хостгорӣ мераванд.
Хостгорӣ
Аҳли оилаи Саидакбар ин хабарро бо хушӣ қабул карда, хостгоронро ноумед накарданд. Фотиҳа ва баъди он рӯзи бурдани туққуз муайян шуд. Одатан вақти туққузбарӣ хешони наздики домод ҳамроҳи падару модари шаҳбача ба хонаи арӯсшаванда мераванд. Се хоҳари Шавкат хоҳиши ба хонаи қудои бародарашон рафтанро карданд ва ҳамроҳи Моҳпайкару дигар хешовандон сари туққуз рафтанд. Зани Саидакбар –Шарқия меҳмононро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт.
-Биёед, садқаи қадамҳоятон шавам,- гаштаю баргашта даъват мекард хешовандони домодро модари арӯс ва аз чашмонаш барқ мепариданд. Маълум буд, ки аз омадани пайвандони домод хеле хурсанд аст. Саидакбару занаш меҳмононро чунон пазироӣ карданд, ки даҳони хоҳарони Шавкат воз монд. Хонаю дари қудоро дида, онҳо дигар ёрои сухан гуфтан надоштанд. Чанд бор Чинигул-хоҳари калонии Шавкат ба ҷои нон дасташро газид, Сайрамгули хоҳараш бошад, чои пиёлаашро аз даст афтонд, аммо соҳибхона чунон бо чеҳраи кушод ин «бедаступоии» Сайрамгулро рӯпӯш намуд, ки ҳама ҳайрон шуданд. Вақти гусели қудоҳо Саидакбару занаш муайян кардани рӯзи тӯйро ба тарафи домод вогузор намуданд.
Макри хоҳаршӯй
Моҳпайкар аз ёфтани чунин қудоҳои меҳрубон хурсанд буд, то вақте ки Чинигул раҳораҳ ба гӯшаш нагуфт:
-Дилам ба ту месӯзад, янга! Аз ҳоло маълум, ки қудоҳоят лаҷоми ҳамаи шумоёнро ба даст гирифтан мехоҳанд. Шавҳарат як марди орму гаправ, қудоҳои нават бошанд, аз кару фару давлату савлаташон маълум, ки одамони гапашон ба ҳама ҷо мегузаштагӣ… Ҳамаатон хизматгори ин бойҳо ва духтари олуфтасатангашон мешавед!
-Ин хел нагӯед, қудоҳо одамони хуб барин…
-Хубиашонро баъд мебинӣ. Писаратро, ки соҳиб шуданд, хӯҷаини ҳамаатон мешаванд,-сухани апаашро тақвият дод Сайрамгул.
«Одамро одам вайрон мекунаду ҷару ҷӯйро об» гуфтагӣ барин, суханони хоҳарони Шавкат дар дили Моҳпайкар оташ афрухтанд. «Рафту гапи аммаҳои писараш рост бароянд чӣ? Он гоҳ ҳам аз писараш ҷудо мешаваду ҳам ба балои ин қудоҳои пулмаст мемонад. «Рост мегӯянд қайсингилҳоям, мо куҷою онҳо куҷо?! Хонаҳояшонро бин, ҳавлии мо барои онҳо оғилхона ҳам барин не! Ин мардаки ман ҷӯра дорам гуфта бо кӣ қудо шуданист?!» меандешид Моҳпайкар ва дарун-дарун хун мехӯрд.
Дар гирдоби васваса
Рӯзи дигар хоҳарони Шавкат ҳуҷумашонро ба Моҳпайкар бештар намуданд, гоҳ инашу гоҳ ваяш занг зада, фақат «ояндаи тира»-и Моҳпайкару оилаашро бо ҳазор рангу бор пеши назараш меоварданд. Занаки бечора байни обу оташ монда мегуфт:
-Охир ман чӣ хел фотеҳагардон мекунам? Магар айб намешавад?
-Айб пайб намешавад! Янга, дониста бош, ки ояндаи як фарзандат не, тақдири ҳамаатон дар хатар аст! Ин акаи мо ба кӯрпааш нигариста пой дароз карданро намедонад. Хоҳӣ, ки зиндагиат вайрон нашавад, тезтар ба қудоят телефон карда гӯй, ки бо онҳо хеш шуданӣ нестед,-балво медоданд хоҳаршӯйҳояш.
Он рӯз то бегоҳ Моҳпайкар ғарқи андеша буд, ки чӣ кор кунад. Хост бо Шавкат маслиҳат кунад, аммо ба ёдаш расид, ки Шавкат Саидакбарро дӯсти наздиктаринаш меҳисобид ва албата «не» мегӯяд.
Занги тақдирсӯз
Ҳарчи бодо бод гӯён, субҳи дигар Моҳпайкар аз телефони шавҳараш рақами Саидакбарро гирифта, беҷуръатона ба қудо занг зад.
-Салом, акаи Саидакбар! Маро шинохтед?
-Наход қудоямро нашиносам,-аз он тараф садои хурсандонаи Саидакбар баромад.
-Ака, медонед… ман… намехоҳам бо шумо қудо шавам…
Аз он тараф як лаҳза садое шунида нашуд, баъд овози хастаи Саидакбар баромад:
-Чаро янга? Мо чӣ гуноҳ кардем?
-Ҳеҷ гуноҳ, фақат ҳамин, ки «кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» гуфтаанд. Шумо духтари зебо доред, дороиатон ҳам зиёд аст, барои духтаратон шавҳари мувофиқ ёфта медиҳед. Моро ба ҳоли худамон монед!
-Янга, ба ман пулу мол даркор нест, мехостам духтарам хушбахт шавад. Падари писаратонро солҳо инҷониб мешиносам, барои ҳамин духтарамро доданӣ будам. Дороӣ мехостам, садҳо домоди бой меёфтам! Эҳ шумо…
-Акнун пайдо кунед! Ман дигар гап надорам,-Моҳпайкар инро гуфту тугмачаи телефонро пахш кард. Ӯ намедонист, ки пахши ин тугмача тамоми зиндагиашро барбод медиҳад.
Саидакбар ҳайрон шуда, ба Шавкат занг зад ва ҳарчи занаш гуфта буд, ба ӯ расонд. Дар ҷавоб фақат садои вазнин-вазнин нафас кашидани дӯсташро шуниду халос…
Талоқ
Бегоҳирӯзӣ Шавкат хаставу ранҷур аз дарвоза даромад. Дар рангу рӯяш қатрае хун набуд. Рост назди занаш омада дод зад:
-Чаро ин тавр кардӣ? Кӣ ба ту ин маслиҳатро дод?
-Худам! Оқибат ҳамаамон ғуломони ин бойбачаю занаш мешудем, барои ҳамин занг задаму гапи диламро гуфтам,-паст наомад Моҳпайкар.
Шавкате, ки дар умраш ягон бор садои баландашро касе нашунида буд, девонавор дод мезад:
-Ту маро шармандаи ду дунё кардӣ! Эй мӯдарози ақлкӯтоҳ, дӯстии мо ба хотири боигарӣ набуд ва қудошавӣ барои он буд, ки наздиктар шавем! Садқаи чунин одамони хуб шавӣ…
Чинигул, ки барои дидани оқибати дасисаи ангехтааш омада буд, хост тарафи янгаашро гирад:
-Янгаам рост мегӯяд…
-Вай дигар янгаат нест. Рав, ман туро се талоқ кардам!
Даҳони фарзандон ва Моҳпайкару Чинигул, ки чунин ранг гирифтани ҳодисаро интизор набуданд, аз ҳайрат кушода монд. Моҳпайкар гирёну нолон худро зери пойи шавҳараш партофта узр хост, вале тир аллакай аз камон ҷаста буд. Шавкат занашро тела дода аз худ дур кард ва рост ба хона даромада, ҷомаашро гирифту баромада рафт…
Душмани худӣ
Дигар касе дар ёди тӯй набуд, зеро дасисаи ду хоҳар бародарро дар айни камолот хонавайрон кард. Чинигулу Сайрамгул аз ҳисси рашку ҳасад иғво ангехта ба мақсадашон аз будаш зиёд расиданду кор ба суд кашид. Шавкат хотири фарзандонаш аз баҳри хонаю дараш баромада, рӯ ба ғурбат овард. Вай ба шаҳри дигар кӯчида он ҷо дубора оиладор шуд. Моҳпайкарро фарзанди калонӣ, ҳамоне, ки падараш мехост бо духтари дӯсташ хонадор кунад, тарк карда ба мулки бегона рафт ва дигар ёди модар накард. Зани бо макри хоҳаршӯ бадбахтшуда тани танҳо ду духтарашро ба шавҳар дод, аммо боз бахт ба рӯяш нахандид. Ҳарду духтараш бо яктогӣ фарзанд аз шавҳар ҷудо шуда баргаштанд. Моҳпайкар ҳамроҳи духтарони бебахташ зиндагии фақирона дорад ва ҳар субҳ ҳамон занги телефонии бахтсӯзро ба хотир оварда, мӯю рӯяшро меканад, аммо тири аз камон ҷастаю сухани аз даҳон баромадаро дубора бар гардонда намешавад…