Он рӯз аҳли оила дар болои кат нишаста, баҳузур хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Ногоҳ садои хишир-хишир баланд шуд.
“Садои паррадаҳо будагист” гӯён дар оғоз чандон аҳамият надоданд, вале сар боло карда, ба даҳшат афтиданд, зеро манзарае, ки диданд, боварнакарданӣ буд... Мори калоне, ки ба аждаҳои афсонавӣ монандӣ дошт, аз бом (чердак)-и хона ба дарахте, ки аҳли оила дар зераш нишаста буданд, хазида мебаромад.
Сари мор аллакай дар шохаи аз ҳама баланди дарахт қарор дошта бошад ҳам, думаш наменамуд, маълум буд, ки нисфи баданаш ҳанӯз дар болои бом аст. Мори азимҷусса аз зоти питон буда, на камтар аз 7 метр дарозӣ дошт.
Аҳли оила камераи телефонҳояшонро ба кор дароварда, зуд ҳамхонаи аждаҳосурати худро ба навор гирифтанд ва ин видеои ҷолибро дарҳол ба интернет партофтанд. Дар навор бараъло дида мешавад, ки чи тавр хазандаи азим аз боми хона ба дарахти наздиктарин хазида мебарояд. Сари мор аллакай дар шохи баландтарини дарахт бошад ҳам, аз нисф зиёди баданаш ҳанӯз дар рӯйи бом аст. Мори азими баданаш мисли қолин пур аз гулу нақшу нигор ба сони қаҳрамонҳо аз боло бовиқор ба замин нигоҳ мекунад.
“Ваҳ, ин балои азим дар болои боми хонаи мо зиндагӣ мекардааст?! Даҳшат! Аз ин хона ҳарчи зудтар кӯчидан даркор” ба гӯш мерасад садои занонае аз паси кадр.
Мор бори дигар азамати худро нишон доданӣ шуда, сарашро боло мекунад, нисфаш ҳанӯз дар болои бом қарор дорад, зеро хазанда аз дарахт ду баробар дарозтар аст.
Ин ҳодиса дар мавзеи Квинслендаи Австралия рӯй додааст. Маъмулан питонҳои австралиягӣ 3-4 метр мешаванд, аммо ин мор бештар аз 7 метр дарозӣ дорад. Маълум нест, ки мори 7 метра чанд вақт дар боми ин хона ҳамроҳи одамон зиндагӣ кардааст.