Formula novemver 2024
Морарӯс Қисми 1
22.08.2022
Нисо
2575

Морарӯс

Ҳамагӣ бисту шаш сол дорам, вале худамро пиразани дардманди ҳафтодсола эҳсос мекунам, зеро дар ин умри кӯтоҳ он ҷадар дарду ғам дидаам, ки ба навиштани он ҷалам оҷиз аст. Дили дардманд, ки дорам, равои озори ягон бандаи Худоро надорам, вале зиндагӣ напурсида аз мо пеши рӯямон гардишҳоеро меорад, ки…

                             Духтари бе оча

Ман чорсола, хоҳаракам дусола будааст, ки модарам ҳангоми таваллуди фарзанди сеюм аз хунравии зиёд фавтидааст. Маро бибию бобои падариям ва хоҳаракамро бибию бобои модариям ба тарбияи худ гирифтаанду падарам аз нав хона обод намудааст. Ёд дорам бори аввали ба моиндарам вохӯрданро, ин духтари сиёҳҷурдаи бадҷавоҷ кӯшиш мекард худро меҳрубон вонамуд кунад, аммо наметавонист.

Солҳо мегузаштанд, мо апаву хоҳар дар ду оила бузург шудем, азбаски дастнигари дари мардум буданамонро медонистем, ҷадамамонро дониста мемондем. Сағирадухтаракони сарпасту хизматӣ харидорони зиёде доштем, апаамро аммаам ва маро холаам келин карданд. Сабаҷи аз зиндагиямон омӯхта кӯмакамон карду келинҳои хубе шудем, апаву хоҳар ба ҳам рафтуомад доштем, шавҳаронамон мисли акаву додар ба якдигар меҳрубон буданд. Худоро шукр мекардем аз бахти баланди хеш, бибиву бобоёнамон аз дунё гузаштанд ва акнун мо бо умед ба хонаи падар мерафтем, дигар он духтаракони бепаноҳу маъсуми зори меҳрубонӣ набудему моиндарамон ҳамроҳамон хуб гап мезад. Мо низ бо дастовези зиёд ба хонаи падар мерафтем, ки акнун аз зани наваш чор писар дошт. Додарҳоямон моро хеле дӯст медоштанду мо онҳоро, гумон доштем, ки даврони ғам пушти сар шуду акнун шодона зиндагӣ мекунем, аммо…

                                   Мусибат

Ҳамсари ман Шарифҷон дар идораи комуналии ноҳия муҳосиб буд ва рӯзҳои шанбею якшанбе бо мошинаш кирокашӣ мекард. Оилаи шавҳарам аз се нафар иборат буд, хоҳаршӯям шавҳар дошту чанд хона аз мо болотар зиндагӣ мекард, додаршӯям бошад, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Ӯ донишгоҳро ба ҳайси омӯзгори таърих хатм намуда бошад ҳам, аз рӯйи тахассусаш як рӯз ҳам кор накарда буд. Зиндагии шоистае доштем, тӯли чор соли зиндагӣ соҳиби ду писараки нозанин гаштем ва Худоро шукр мегуфтем.

Як рӯзи шанбе шавҳарам субҳи барваҷт хеста, каме дар замини наздиҳавлигӣ кор карду баъд мошинашро савор шуда, имрӯз каме таксӣ занам гӯён, аз падараш дуо гирифта рафт. Шавҳарам як одат дошт, ки хӯроки нисфирӯзӣ ва шомро дар хона мехӯрд, ҳамон рӯз тушбераи дӯстдоштаашро пухтам, вале наомад. Занг задам, гуфт, ки мусофир ёфта маркази вилоят рафтааст, бегоҳ меояд, вале бегоҳ хабари ба мошини боркаше бархӯрдани сабукрави шавҳарам омаду дили ҳамаамонро хун кард. Талоши духтурон барои зинда мондани Шарифҷон бенатиҷа анҷом ёфту ӯ ин дунёи бевафоро тарк карда, ману фарзандонамро танҳо гузошта рафт. Рӯзи марги ҳамсарам ман дар ҳолати шок ҷарор доштам ва намедонистам сарамро ба кадом дар занам, вале ваҷт табиби ҳама дардҳост. Ман ҳам оҳиста-оҳиста ба худ омадам, додаршӯям Беҳрӯз аз муҳоҷират баргашту хусуру хушдоманам пайи хонадор намудани ӯ гаштанд.

                              Азми дил

Соли шавҳарамро додему хусурам ману ду фарзандашро наздаш шинонида гуфт:

-Келинҷон, ман туро аз ду фарзандам кам намедонам, паст ё баланд гуфта бошам, бубахш. Ту хеле ҷавон ҳастӣ, шояд шавҳар намоӣ ва хушбахт шавӣ, аз ин рӯ писаронатро бо мо гузору худат хонаи падарат рафта, аз пайи зиндагият шав. Кае хоҳӣ, омада писаронатро бин, ман Беҳрӯзҷонро хонадор мекунам.

Хушдоманам дар гӯшае фиҷ-фиҷ мегиристу хомӯш буд, ман ба чашмони хусурам нигоҳ карда гуфтам:

-Тағоҷон, ман аз назди фарзандонам ҳеҷ куҷо намеравам. Агар бароятон тангӣ карда бошам, дар гӯшаи замине, ки шавҳарам харидорӣ кардааст, бароям хоначае созед, худам рӯзамро пеш мебарам. Ман, ки сағира калон шудаам, намехоҳам фарзандонам чунин бошанд, ростӣ бибию бобоям намегузоштанд пашша ба рӯйи ман пар занад, аммо ман ҳамеша маъюс будам. Ман безорам аз шавҳари дигар, шавҳари ман писаронам…

Додаршӯям аз шунидани ин суханони ман гирён шуду гуфт:

-Падарҷон ман зан мегирам ва дар замини акаам хона карда меравам. Ин хонаву дар аз янгааму ҷиянҳоям, бигузор онҳо бо шумо зиндагӣ кунанд. Дигар касе «лому мим» нагуфт ва масъалаи ману фарзандонам ҳал шуд. Барои Беҳрӯз хусурам арӯс ёфт, як ҳамҷишлоҷиямон, ки духтараш ҷавон аз дунё гузашта буд, гуфтааст, ки набераашро келин кунанд. Хусурам ба хотири ману фарзандонам розӣ шуд, ки ҳамин сағирадухтарро келин кунад. Хоҳаршӯям ба ин кор ҷатъиян зид баромада гуфт:

-Не, намешавад, апааш дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад, дузд аст, хонаводаи шавҳарро ба дод овардааст,-аммо хусурам аз райъаш барнагашт.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД