arzon replenishment
Моиндарам модар шуду меҳрубон гашт
08.08.2024
ОМИНА
1109

Салом ба кулли хонандагони сомонаи дӯстдоштаам Oila.tj! Мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса кунам.

Ҳамагӣ 2 сол доштам, ки мадарам аз олам гузашта, мо 5 духтар аз меҳру муҳаббати модарона бенасиб гаштем. Бибиям парастории моро бар ӯҳда гирифтанд. Аз байн 3 сол гузашту рӯзе падарам бо хурсандӣ гуфтанд, ки модаратонро ба хона меорам. Аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Фикр мекардам, ки модари худамро меорад, охир мани хурдакак аз куҷо медонистам, ки мурдаҳо ҳаргиз дубора барнамегарданд.

Хулоса, падарам бароямон “очаи нав” овард ва аз ҳамон рӯз сар шуд рӯзи сиёҳи мо. Моиндар рӯзамонро ба шаби тор табдил дода, моро ҳамеша мезад, озор медод, таҳқир мекард ва дашному ҳақорат медод. Бо ҳамин аҳвол мактабхон шудам. Дар синфамон як ман бе модар будаму ду дугонаи дигарам бе падар. Мо аз дигар бачаҳо фарқ доштем, мисли гулҳои пажмурда будем.

Вақте мактаб мерафтам, каме ҳам бошад, ҳамроҳи дугонаҳоям бозӣ карда, ғами диламро мебаровардам, вале ба хона бармегаштаму боз суханҳои қабеҳи моиндар ва чашми гирёни апаҳоямро дида, дилхун мешудам.

Ҳамин тавр, мо-панҷ хоҳар паиҳам мактаби мёнаро хатм кардем. Падарам нагузошт, ки ягонтаамон хонданӣ равем. Ҳамаамонро ба зудӣ ба шавҳар дод, то ки ҷонаш халос шавад.

Моиндарам бе фарзанд буд ,барои ҳамин моро чашми дидан надошт. Падарам 5 духтар дошта бошад ҳам, мудом дар ҳасрати писар буд. Аслан модари ман дар синни 36-солагӣ писар таваллуд карда будааст, вале баъди ба дунё овардани фарзанд ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурдааст. Аз рӯйи нақли бибиам, баъди таваллуд кардан якбора ҳоли модарам бад мешавад ва духтурон бе илоҷ будани дардашро фаҳмида ба падарам гуфтаанд, ки аз дасти мо коре намеояд, занат мемирад. Падарам ба гапашон бовар накарда бо онҳо даст ба гиребон шудааст, вале дар роҳ ба сӯйи хона кӯдаки шашрӯза дар бағал модарам сарашро ба китфи падарам гузошта, армон дар дил ҷон ба ҷонфарин месупорад. Модарамро бо чашми гирён ба хок супурданду додаракам низ шаш моҳ пас аз олам гузашт.

Хулоса, падарам солиёни зиёде дар орзуи писар буд ва оқибат пас аз 11 сол моиндарам писар таваллуд карда, сари ӯрпо ба осмон расонд. Он рӯз ҳамаамон хурсанд будем ки додарчадор шудем, падарам бошад, ду рӯз ба аҳли маҳалла тӯй дод. Дар ёд дорам, ки чи тавр ба шарафи тавлиди додаракам дар деҳа бузкашии калон баргузор шуд. Пас аз таввалуди додарам характери моиндарам тағйир ёфта, нисбат ба мо меҳрубон шуд.

Хурсанд будем, ки минбаъд шоду хуррам умр ба сар мебарем, вале марги падар дар диламон доғи абадӣ ниҳод.

Падарам хеле марди ҳалиму меҳрубон буд. Додарам ба падарам рафтааст, бениҳоят меҳрубон аст.

Ҳоло додарам марди баркамоли оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст. Афсӯс, ки дидани роҳати писар ба падарам насиб нагашт, вале моиндарам бо мост. Мо ӯро мисли модари худамон дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиром мекунем.

ОМИНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД