Саломи худро ба кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Мо панҷ бародар баъди марги модарҷонам ба қароре омадем, ки падарамро зан медиҳем.
Ба хотири он ки падарам танҳоиву бекасиро эҳсос накунанд, бо хости дилаш зани ҷавонеро, ки ҳамагӣ се моҳ бо шавҳар зиста, ҷудо шуда буд, гирифта додем. Хурсанд шудем, ки акнун падарам ҳам соҳиби зиндагии худ шуд. Вале шодиямон дер давом накард, моиндари ҷавони мо ҳар рӯз бо келинҳои хона ҷанг карда, талаб дорад, ки ҳавлиро ба номи ӯ гузаронем. Ҳатто қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт. Падарам гӯё дар пирӣ сахт ошиқ шуда бошад, аз мо талаб дорад, ки ҳавлиро ба номи занаш гузаронем. Вагарна ҳамаи моро оқ мекардааст. Мӯйсафеди синну солаш ба ҷое расида, таҳдид карда истодааст, ки агар розӣ нашавем, дар пеши чашми ҳамаамон ба сараш керосин рехта, худро алов мезанад. Хеле ғамгинем, ки падари мо дар пирӣ чунин рафтори беақлона карда истодааст. Айб аст, ки аз рӯйи ӯ ба ҷое шикоят кунем. Хонандагони азиз, медонам, ки чунин вазъ дар хонаводаи баъзеи шумо низ ҷой дорад, хоҳишмандам маслиҳатҳои худро дареғ надоред.
Ш.А.