Бодкулоҳ (Anglerfish) яке аз аҷибтарин навъи моҳиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин моҳии аҷиб шох дошта, бо ҷисми ғайриоддӣ ва усули шикори беназираш аз дигар моҳиҳо фарқ мекунад.
Моҳии шохдори Бодкулоҳ дар умқи уқёнусҳои Атлантик ва Уқёнуси Ором, дар ҷойҳое, ки нур ба зери об намерасад, дар умқ аз 200 то 2000 метр зиндагӣ мекунанд. Вижагии асосии моҳии бодкулоҳ дар шох доштан ва нури биолюминесентӣ мебошад, ки дар охири шохи дарозаш ҷойгир шудааст. Ин нур барои ҷалби қурбониён хизмат мекунад.
Моҳии бодкулоҳ даҳони хеле калон ва дандонҳои тез дорад, вале зуд шино карда наметавонад. Ин моҳӣ барои шикор аз шохаш, ки нур мебарорад, истифода мебарад. Сайд ба сӯи нур ҷалб мешавад ва вақте ки наздик шуд, моҳӣ бо даҳони калонаш якбора онро фурӯ мебарад.
Моҳии бодкулоҳ асосан моҳиҳои хурд ва ҳайвоноти дигари баҳриро шикор мекунад.
Судоба АКОБИРЗОДА