Маъмулан моҳи сеюми ҳомиладорӣ ҳамон гунае, ки моҳи дуюм буд, идома меёбад, аммо дар дохили батн баъзе тағиротҳо дида мешаванд. Дар ин давра ҷанин ба шакли одам кам-кам монанд мешавад. Қаддаш 6,7-9 см –ро ташкил медиҳад.
Дилаш ба тапидан медарояд ва суръати таппиши он аз қалби модар зиёдтар аст. Бачадон ҳанӯз чандон васеъ нашуда, дар дохили кос ҷойгир аст, вале тифлак дар дохил ба чарх задан шурӯъ мекунад ва даҳонашро кушодаву пӯшидан мегирад.
Дар ин давра функсияҳои макидан дар ӯ пайдо шуда, барои ғизо хӯрдан тайёрӣ мебинад. Ҷанин ба тариқи ҳамроҳак аз модар ғизо мегирад, аммо барои ҳаёти берун аз батнии худ омода мешавад.
Узвҳои берунаи кӯдак низ дар семоҳагӣ ба шаклгирӣ шурӯъ мекунанд. Ҳарчанд ҳанӯз устухонҳо ба пуррагӣ инкишоф наёфта бошанд ҳам, ангуштонаш ба шаклгирӣ ва сахт шудан шуруъ мекунанд. Дар пӯсти нозукакаш мӯйҳо пайдо шуда, узвҳои овозиаш низ ба инкишофёбӣ сар мекунанд.
Кӯдак дар ин давра суханони аввалини модар ва атрофиёнашро мешунавад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки гапҳои ноҷо нагӯед ва дар ҷойҳои пурғавғо наситед. Ин ҳолати тифли шуморо бад мекунад.
Дар ин давра модар ҳанӯзам хастаҳол аст. Шаклгирии кӯдак қувваи зиёди зани ҳомиларо мегирад, бар замми ин, аз ҳисоби дилбеҳазурӣ дуруст хӯрок хӯрда наметавонад. Аз ҳамин сабаб зан давраи сахт ва мушкили ҳомиладориро пушти сар менамояд.
Барои беҳтар шудани ҳоли зани ҳомила вақти истироҳатиро зиёд карда, хӯроки мехостаи зани ҳомиларо ба ӯ ёфта додан лозим аст. Маъмулан ба назари занони ҳомиладор ҳама чиз бемаззаву фач менамояд, бинобар ин, кӯшиш кардан лозим аст, ки чизи дилхоҳи занро сари вақт ёфта биёред.
Дар ин давра зани ҳомила бояд бештар ғизоҳои ширии турш ба монанди кефир, ряженко, панир ва творог истеъмол намояд. Дар тамоми муддати ҳомиладорӣ хӯроки тифлак аз модар вобастагӣ дорад, бинобар ин, зани ҳомила бояд бештар ғизоҳои муфиди саршор аз витамин ва минералҳоро истеъмол кунад.
Барои мисол субҳгоҳон зани ҳомиладор каме кашаи гандумӣ ва панир истеъмол карда, чой нӯшад, хуб мешавад. Дар семоҳагӣ борҳои вазнинро бардоштан ва ҳаракати тез кардан мумкин нест. Бе иҷозати духтур ягон намуд дорӯ нахӯред. Ин барои зани ҳомила ва тифли батнаш хатарнок аст.