Нуҳ моҳи ҳомиладориро ба се қисм ҷудо мекунанд. Семоҳаи аввал давраи муҳим ва хатарноки ҳомиладорӣ аст. Дар ин давра хатари аз даст додани кудак низ вуҷуд дорад. Вале модаре, ки ин давраро аз сар гузаронидааст иқболи баланд ҳамроҳаш аст. Чунки акунун лубиёчаи даруни шикаматон тамоман кудаки солиму пурра аст ва узвҳои дохилию берунияш шакл гирифтаан ва ба бузургу инкишоф ёфтан ниёз доранд.
Модар дар ин давра ба вазн гирифтан шуруъ мекунад. Инчунин кудаки дохили батн низ вазнгириро сар мекунад. Ба ҳамин хотир шиками модар шакли тубчаро пайдо карда аз тан ҷудо мешавад. Яъне шикам калон мешавад. Калон шудани шикам якчанд мушкилиро ба бор меорад. Авалан пойҳои модар ба хасташавӣ шуруъ мекунад. Сониян қаткашию дардҳои ноаёне дар поёни шикам пайдо мешавад. Дар вақти шиштану аз ҷой хестан кам кам дард ҳис мешавад. Аз ин ҳолат набояд ҳаросид, ин табиӣ аст, чунки кудак калон мешаваду гушти мушакҳои шикам меёзад. Ин каме дарднок аст.
Дар дохили батн низ тағиротҳои зиёд ба вуқуъ мепайвандад. Ҷунбиши кудак зиёд мешвад. Сарашро ба ин тарафу он тараф бурданро ёд мегирад. Инчунин пояшро ба ин суну он су дароз мекунад. Ин ҳолат аз беруни шикам низ ҳис карда мешавад. Дили кудак нисбатан боқувваттар мешавад ва ҳатто то 23 литр хунро дар як рӯз ба ҳаракат медароварад. Инчунин аввалин мӯйҳои сари тифлак мебарояд.
Дар ин моҳи ҳомиладорӣ дилбеҳазурӣ хело кам мешавад, вале бо калон шудани шикам меъда ва узвҳои ҳозима ҷояшон танг мешавад. Ба ин хотир модар наметавонад хуроки бисёр хурад ва зуд зд гурусна мешавад. Аммо ҳанӯз зан чизи мехостаашро наметавонад хурад чунки тамоми хуроки дунё барояш фачу лач аст. Ин праблеммаи доимии ҳамаи занҳои ҳомиладор аст.
Новобаста аз гузаштани муҳлати хатари исқот набояд эҳтиётро аз даст дод. Чунки бо калон шудани шикам ба сутунмуҳраро низ бе таъсир намемонад. Вазнинӣ бардоштан мумкин нест. Ҳаракати тез ҳам кардан мумкин нест. Бисёр вақт ҳаракати тез сарчархзанию дилбеҳазурӣ пайдо мешавад. Аз ин ҳолат ҳадди аксар гурез намудан лозим. Агар сарчархзанӣ зиёд бошад ба духтури акушер-генеколог муроҷиат намудан лозим аст.