Formula novemver 2024
Моҳи аввали ҳомиладорӣ
1774

Барои ҳар оилаи солим соҳиби фарзанд шудан орзуи дерина аст. Барои ин чанд муддат тайёрӣ мебинанд ва модари оянда даҳ маротиба худро аз тести ҳомиладорӣ мегузаронад.

Хабари ҳомиладорӣ ниҳоят хушҳолкунанда аст. Аммо дар пайи худ ҷавобгарии бузургро ба ҳамроҳи худ меорад. Албатта, ҳар зан барои ҳомиладор шудану соҳиби фарзанди солим гардидан орзу мекунад. Ба ин хотир таҳаммул мекунад ва дил орзуи бо тифли худ рубарӯ шуданро мекунад.

Нишонаҳои ҳомиладорӣ дар ҳар зан ҳар гуна пайдо мешавад. Вале аз ҳама нишонаи машҳураш, ки дар қисми зиёди занони бордор дида мешавад, ин дилбеҳазурӣ ва аз ҳар бӯй нороҳат шудан аст.

Нишонаҳои дигаре, ки дар зани нав ҳомила пайдо мешавад, ин баланд шудани қафаси сина аст. Модароне, ки дар фарзанди аввалашон бордор мешаванд, калон шудани ғадудҳои ширбарор барояшон каме дарднок аст. Вале баъди дар бачадон пайдо шудани ҷанин тамоми системаи бадан барои дуруст ба воя расонидани тифл, чӣ дар дохил чӣ баъд аз тавалуд, омода мешавад. Ғадудҳои ширибарор низ кори худро аз рӯзи аввал шуруъ мекунад.

Хастагии ғайриодие, ки то имрӯз дар зан дида намешуд ва хоби аз меъёр зиёд дар ӯ дида мешавад, ки барои зани ҳомила тамоман оддӣ аст. Сарчархзанӣ ва беҳушшавӣ низ гоҳҳо дида мешавад. Ин реаксияи ҳормонҳои зан дар ҳолати мутобиқшавӣ системаи нави организм маҳсуб меёбад.

Дилбеҳазурӣ. Одатан ин ҳолат саҳар дар занҳои ҳомила дида мешавад. Аммо он дар муддати 16-20 ҳафта мегузарад (баъзан занҳо то таваллуд дилбеҳазурӣ доранд, ки ин низ таъсири аксуламали баланди ҳормонҳо аст).

Тағйири лаззат. Лаззати даҳонашон тағйир меёбад ва гоҳҳо уммуман ҳама чиз дар назарашон бемазза менамояд.

Пешобкунии зиёд ва зуд-зуд. Ин аз он сабаб аст, ки бо инкишоф ёфтани ҷанин бачадон низ калон мешавад ва ҷойи пешобдонро танг мекунад.

Табъи хира. Занҳои ҳомила зуд-зуд асабонӣ мешаванд. Онҳо пеши роҳи хашму ғазаби худро гирифта наметавонанд ва зуд-гиря мекунанд.

Нороҳатӣ дар меъда. Ин мисли он мемонад, ки ҳар чизе хурда бошӣ аз гулӯ поён рафтаву то меъда нарасидааст. Дар назар менамояд, ки ҳама хӯрок гиронда бошад.

Талаботҳои шаҳвонӣ. Реҷаи ин амал низ тағйир меёбад. Дар баъзан ҳолат занҳо меъёри хоҳиши шавонияшон зиёд мешавад. Вале баъзе занҳо давоми бордорияшон бо шавҳар умума робита кардан намехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД