toyota motors
Моҳи ҷавонӣ
86

Моҳи май дар Тоҷикистон моҳи ҷавонон аст. Ҳамасола аз 1 то 23-юми май дар саросари кишвар “Моҳвораи ҷавонон” баргузор мегардад, ки он силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад. Ин иқдом барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъоли ҷомеа аҳамияти калон дорад.

Албатта ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда дар рушди кишвар нақши муҳим дошта, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва нерӯи созандаи кишвар мебошанд.

Бо ҳамин мақсад замони соҳибистиқлолӣ барои ҷавонон барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардида, шароити мусоид барои таҳсил, кор ва фаъолияти онҳо фароҳам оварда шудааст. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” далели равшани таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ҷавонон мебошад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо - аз илму маориф то варзишу фарҳанг ва аз иқтисоду технология то хизмати давлатӣ фаъолияти самаранок доранд. Онҳо бо донишу малака ва ташаббусҳои нав барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамасола 23-юми май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтирому қадрдонӣ нисбат ба ҷавонон буда, бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод бо ҷоизаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, дастовардҳои онҳо муаррифӣ карда мешаванд. Ҷавонон низ дар навбати худ кӯшиш менамоянд, ки бо рафтору фаъолияти намунавӣ ба боварии давлату ҷомеа сазовор бошанд.

Яке аз рӯзҳои муҳими дигар дар моҳи май таҷлил гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад. Футбол яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш дар ҷаҳон буда, хурду калон, марду зан новобаста аз нажоду миллат онро дӯст медоранд. Аксари бозингарони футбол ҷавононанд ва маҳз нерӯ, маҳорат ва талоши онҳо ин бозиро ҷолиб мегардонад. Футбол на танҳо варзиш, балки василаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар Тоҷикистон низ ҷавонон ба футбол таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дастаҳои гуногун дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ҳамзамон футболбозони мо дар дастаҳои футболи хориҷа бозӣ мекунанд.

Воқеан ҷавонони тоҷик собит намудаанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ метавонанд дар пешрафти ҷомеа ва муаррифии кишвари худ саҳми арзанда гузоранд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД