arzon replenishment
Модари бачакуш Қисми 2
1695

                        Набера –мағзи бодом

Ҳарду келин баробар соҳиби фарзанд шуданд. Зани Ҳасан-Шабнам дугоник, ду духтарчаи дустрӯяк таваллуд карду зани Ҳусейн шоҳписар зоид. Шабнами чаққону ширинзабон баъди таваллуд карданаш низ орому қарор нагирифта, мудом аз паси кору бори хона овора буд, Моҳбону бошад, «Ман бача зоидам» гуфта, дасташро ба оби хунук намезад. Келини хурдӣ бар замми танбалиаш боз морзабону дағал буд ва мудом моҷаро меҷуст, вале хушдоману авсунҳояш ба ӯ аҳамият намедоданд. Холаи Гулрез бо келини бетарбияташ бисёр ҳалимона рафтор менамуд, то Моҳбону одамгариро ёд гирад, вале панду насиҳати хушдоман аз як гӯши келини каждумтабиат даромада аз гӯши дигараш мебаромад.

                              Фоҷиа

Як саҳар Моҳбону писарчаашро сер карда хобонду ба касе чизе нагуфта ба хонаи модараш, ки дар деҳаи ҳамсоя буд, рафт, то сари қадам хоҳарашро дида биёяд. Келинчаки беандеша ҳатто хушдоманашро огоҳ накард, ки кӯдак дар хона танҳосту аз ҳолаш хабар гирифта истанд. Соат кайҳо аз даҳ гузашта бошад ҳам, Моҳбону дар рӯйи ҳавлӣ наменамуд. Холаи Гулрез хавотир шуда сӯи хонаи писараш рафт. Дари келин чун ҳамеша қулф буд ва овози тифлакаш ҳам намеомад. «Очаю бача хоб будагистанд»,- аз дил гузаронд модар ва бо хотири ҷамъ аз паи корҳои худаш шуд. Аз байн ним соат нагузашта садои изтиробомези зани Ҳасан-Шабнам баланд шуд. Холаи Гулрез дар овози келинаш ларзишро ҳис карда, саросема ба сӯи ӯ давид.

-Холаҷон, аз тарқиши дари Моҳбону дуди ғализ мебарояд. Метарсам, ки ягон воқеа рух надода бошад, -хабар дод Шабнам.

Келину хушдоман ба сӯи хонаи Ҳусейн давиданд. Ҳарчанд дукаса дарро тела медоданд, кушода намешуд. Калиди хонаро Моҳбону бо худ бурда буд. Садои беист гиря кардани тифли гаҳвораро шунида холаи Гулрез қариб девона шуд.

-Ба кӯдак чӣ шуда бошад? Ин келини аҳмақ ба куҷо рафта бошад? Чаро ақаллан ба ман як даҳон нагуфт, ки кӯдакро нигоҳ кунед?- ғур-ғур кард кампир ва ба келини калонӣ фармуд, ки рафта аз анбор табарро биёрад.

Бӯйи ғализу дуди зиёд акнун баръало аз тарқишҳои дари хона мебаромад. Бо табар дарро зада шикастанд. Баробари дарро кушодан оташ якбора аланга гирифт. Модари зор, холаи Гулрез худро ба гулхани сӯзон зад. Кампир ба чизу чораи хона аҳамият надода гаҳвораи набераашро меҷуст. Ниҳоят бо дастҳои сӯзон ва ранҷу азоби зиёд келину хушдоман аз хонаи оташгирифта гаҳвораро бароварданд. Шабнам чолокона писарчаи додаршӯяшро аз гаҳвора кушода гирифт, вале Акрами хурдакак аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда буд. Холаи Гулрез барои набераяки ғуррамаргаш хун мегиристу Шабнам баробари хушдоманаш нола мекард, модари бепарвофалак Моҳбону бошад, бехабар аз фоҷиа дар хонаи падараш бо хоҳараш лақ-лақ карда менишаст. Моҳбону ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки хомӯш кардани дарзмолро фаромӯш кардааст ва аллакай ин хато молу амволи хонаи қулфзадаашро ҳамроҳи тифлаки маъсуми дар гаҳвора хобаш ба коми нестӣ кашидааст. Вақте ки келини лаққӣ аз дар даромад, хона аллакай пурра сӯхта буду хушдоманаш ҷасади Акрами хурдакакро оғӯш карда, бо тамоми овоз нолаҳои зор мекард. Чашми Ҳусейни гирён ба зани дайдуяш, ки дар фоҷиаи рӯйдода хушдомани бегуноҳашро гунаҳкор намуда, ҷасади писарчаашро аз дасти вай кашида гирифтан мехост, афтид ва як аламаш сад алам гашта фиғон кашид:

-Се талоқат кардам! Дафъ шав аз ин ҷо, беҳаё. Дафъ шав, ки чашмам ту барин модари фарзандкушро набинад! Писаракамро ту куштӣ! Писарамро ту куштӣ, аблаҳ…

 

Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД