shoh palace
Модари 70 сола COVID-19-ро мағлуб кард
1364

Имрӯз модари 70 солаи муовини раиси ВМКБ аз бемории COVID-19 сиҳат ёфта, ба хона ба назди азизонаш баргаштааст. 

Хабари мазкурро журналисти варзида Ҷамила Мирбосхонова дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, чунин навиштааст: Модари муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода , ки 70 сола будаанд, чанд рӯз қабл баьди гузаронидани ташхис дар Маркази тибби Оғохон дар шаҳри Хоруғ маълум гардид, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудааст.

Коронавирус барои ин синну сол албатта осебпазир унвон мешавад ва гурӯҳи хавф (группа риск) ва пуршиддатар мегузарад.
Баьди 14 рӯзи дастбагиребонии шадид ва маҳз сари вақт табобат гирифтан аз ин беморӣ шифо ёфта, ба хонаш баргаштааст.
Номбурда Қурбонбекова Зумрад Дилдорбекова буда, мутаваллиди 1950, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ мебошад. Ӯ дар синни 70 солаги коронавирусро мағлуб сохт ва ба табаибони ин даргоҳ офарин хонд.
Холо дар ихотаи наздиконаш дар хона карор доранд. Давраи бухрони паси сар шуд.
Пас набояд тарсид, мо низ голиб хохем гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД