Салом! Ман ҷавонзани 25-сола, модари 2 фарзанд ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам, зеро тақдири минбаъдаам ба ҳалли ҳамин мушкили оилавӣ сахт вобастагӣ дорад. Умедворам, ки шахсони зиндагидида бо маслиҳатҳои судмандашон дар ҳалли ин мушкилӣ ёрӣ мерасонанд.
Ман дар оила фарзанди ягона ҳастам. Модарам ду фарзанд ба дунё оварда бошад ҳам, писараш дар думоҳагӣ вафот кардааст. Пас аз ин ҳодиса модарам сахт бемор мешавад ва духтурон барои наҷот додани ҷонаш бачадонашро бурида мепартоянд. Ҳамин тавр, модарам танҳо бо як духтар мемонад. Хешу табори падарам “занат дигар таваллуд карда наметавонад, зани дигар бигир, ки бароят писар ба дунё орад, охир фардо духтарат калон шуда шавҳар мекунаду дар дами пирӣ танҳо мемонед” гӯён, дар болои модарам ба падарам боз як зани дигар медиҳанд. Модарам ба ин тоб наоварда, ҷудо шудааст.
Ҳамин тавр, модарам ба хонаи падараш баргашта, ман дар дасти бобою бибиам калон шудам. Азбаски модарам худаш дар оила як духтар буд, баъди сари бобою бибиам хонаву дарашон ба мо монд, вале хешу таборе надоштем, ки дар рӯзҳои душвор дастамонро гирад. Модарам мехостанд маро ба ягон ҷавони бепадару бемодар ба шавҳар дода, хонадомод кунанд, лекин розӣ нашудам, зеро медонистам, ки вақте мард дар хонаи зан зиндагӣ мекунад, тез-тез баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд меоянд ва дар сари қаҳр мард метавонад аз хона баромада равад. Ба модарам ошкоро гуфтам, ки мехоҳам ба шавҳар баромада, дар хонаи шавҳарам зиндагӣ кунам. Модарам қабул карданд ва бо амри тақдир ман ба оилаи хубе келин шудам. Шавҳарам ҷавони босавод ва бо нангу номус аст, намегузорад, ки аз чизе танқисӣ кашам, ба модарам ҳам кумак мерасонад, вале модарам домодашро дӯст намедорад. Аниқтараш рашк мекунад, ки ба хотири ин ҷавон шуда ман ӯро партофта рафтам. Чанд маротиба гуфтам, ки очаҷон, шумо ҳанӯз ҷавон ҳастед, шавҳар кунед, то ки дигар азоби танҳоӣ накашед, вале розӣ намешавад. Ду пояшро ба як мӯза андохтааст, ки ман дар як ҳавлии калон метарсам, шавҳаратро розӣ кун, омада дар хонаи ман зиндагӣ кунед, вале шавҳарам розӣ намешавад. Падари фарзандонам ҳақ аст, охир кадом марди бонангу номус рафта дар хонаи хушдоман зиндагӣ мекунад, вақте ки худаш хонаву дари обод дорад?
Ба модарам борҳо фаҳмондам, ки очаҷон, ин хел накунед, охир ман ду фарзанд дорам ва намехоҳам зиндагиам вайрон шавад, вале модарам якравӣ карда мегӯяд, ки беҳтараш ҷудо шав, ман туро бе падар калон кардам, ту ҳам бачаҳоятро бе падар калон мекунӣ. Гуфтам, ки ягон духтараки донишҷӯро ҳамхона гиред, савоб мешавад, ҳам худатон танҳо намемонад, вале “ман бегонаро ба хонаам роҳ намедиҳам” гӯён, ба ин пешниҳодам ҳам розӣ намешавад.
Аслан модарам хонаашро ба номи ман карданист. Мегӯяд, ки хонаву дар дорӣ, савод дорӣ, худат кор карда пул меёбиву кӯдаконатро калон мекунӣ, шавҳар ба ту чӣ лозим?!
Хулоса, байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Модарам ҳар рӯз занг зада, гиряву зорӣ мекунад, ки ту аз рӯйи як мардак шуда, маро партофта рафтӣ, ягон шаб дар танҳоӣ мемирам. Дилам ба модарам месӯзад, вале аз тарафи дигар, ман хонаву дари обод ва ду фарзанд дорам. Намехоҳам кӯдаконам ҳам мисли худам аз меҳру муҳаббати падар бенасиб гарданд.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки ҳам модарам наранҷад ва ҳам бахтамро аз даст надиҳам?!
ГУЛНОЗА, аз Хуҷанд