sebiston july new
Модарам қотили муҳаббатам шуд
3370

 

Замони дар донишгоҳ хонданам бо Фарида ном духтаре шинос шудам. Дар аввал бо ҳам риштаи дӯстӣ бастем, аммо бо гузашти вақт ба ӯ ошиқ шудам. Фарида хеле духтари зебо, поксиришту худоҷӯй буд, ҳар боре, ки ӯро медидам, аз ҳаяҷони зиёд дилам ба мисли аспи даванд зуд-зуд метапид. Хеле мехостам муҳаббати дар қалб доштаамро барояш изҳор намоям, аммо метарсидам, ки қаҳр карда, маро тарк насозад. Муддати як сол бо ҳам дӯст будем, рӯзе дар боғи устод Рӯдакӣ ҳамроҳ дарс тайёр мекардем. Тамоми ҷуръати доштаамро ҷамъ намуда, ба ӯ изҳори муҳаббат намудам. Қиссаи ишқи мо аз ҳамон рӯзи изҳори муҳаббатам, ки рӯзи аввали фасли баҳор буд, оғоз ёфт. Ману Фарида ҳамарӯза якдигарро медидему як лаҳза тоқати дурӣ надоштем. Бо тамоми ҳастӣ мафтуни Фарида шуда будам, ӯ низ дӯст доштанашро изҳор мекард. Ҳар ду дар дил орзуҳои зиёд доштем, аҳд баста будем, ки донишгоҳро хатм карда, оиладор мешавем ва пастиву баландиҳои ҳаётро якҷоя тай мекунем.  

Донишгоҳро хатм карда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳрамон ба кор даромадам. Фарида низ дар беморхонае, ки ман он ҷо кор мекардам, фаъолияташро оғоз кард.

Рӯзе модарам масъалаи оиладоршавии маро ба миён гузошта, пешниҳод карданд, ки бо як хешдухтарашон аз оилаи хеле сарватманд издивоҷ кунам. Ман розӣ нашуда, дар бораи дӯстдоштаам нақл кардам ва хоҳиш намудам, ки модарам ба хостгорӣ раванд. Табъи модарам аз суханони ман хира шуда, дилу нодилон барои хостгорӣ кардани Фарида розӣ шуданд. Ман хушхабари ба хостгорӣ рафтани модарамро ба Фарида расонидам, то ки тайёрӣ бинад. Рӯзи дигар модарам ҳамроҳи дугонааш холаи Дилором ба хостгорӣ рафтанд. Бегоҳӣ баъди аз кор баргаштан модарам ба ман ҷавоби рад додани оилаи Фаридаро гуфтанд. Ба суханҳои модарам бовар накарда, ба Фарида занг задам, аммо ӯ ба занг ҷавоб надод. Дар ҳайрат мондам, зеро волидони Фарида розӣ буданд, ки духтарашонро ба ман диҳанд, вале чаро ба модарам ҷавоби рад доданд. Пас аз чанд рӯз Фарида занг зада, хабар дод, ки бо каси дигар оиладор мешавад ва хоҳиш намуд, ки дигар ӯро безобита накунам. Фарида бо гиря гап мезад, то ҳанӯз ҳамон садои гиряи ҳасратомезаш қалбамро мешикофад.

Аз байн як моҳ гузашт. Фарида оиладор шуд, ман бошам, аз азоби ишқ месӯхтаму мепухтам. Модарам маро тасаллӣ дода, бо ҳамон хешдухтарашон оиладор кардан мехостанд. Ноилоҷ барои амалӣ гардонидани орзуи модарам розӣ шудам.

Арӯси ёфтаи модарам Мафтуна ном дошт. Моро дар муддати як моҳ бо ҳам фотиҳа намуда, тӯй карданд. Занам духтари худписанд, мағрур ва зебоипараст буд. Тамоми рӯз назди оина нишаста, худашро орову торо дода менишасту ба корҳои хона ба модарам ёрӣ намерасонид. Чандин маротиба ба ӯ фаҳмондам, ки ба модарам ёрӣ расонад, аммо гапамро гӯш намекард.

Рӯзе Мафтуна аз ҳуш рафтааст, модарам ба ёрии таъҷилӣ занг зада, ӯро ба беморхона бурдаанд. Ман ҳам огаҳ шуда, саросемавор ба беморхона расида омадам. Сардухтур маро ба назди худ хонда гуфт:

-Ҳамсаратон ҳомиладор шуда, доруи қатъкунандаи ҳамл истеъмол кардааст. Бо сабаби хунравӣ аз ҳуш рафтааст.

Баъди чанд рӯз Мафтунаро ба хона оварда, сабаби нобуд сохтани фарзандамонро пурсон шудам. Фикр кардам, ки барои кори кардааш пушаймон шудагист, вале занам доду вой бардошта гуфт:

-Ман намехоҳам барои фарзанд шуда, имиҷамро вайрон кунам. Бар замми ин, намехоҳам бо модарат зиндагӣ кунам, модарат маро чашми дидан надорад. Интихоб кун, ё ман ё модарат.

Бо ҳамин, Мафтуна қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт. Рӯзе аз кор дер омада, барои гирифтани дуои неки модарам ба ҳуҷраашон ворид шудам, ки дар он ҷо холаи Дилором бо келинаш Фарида ба ҳолпурсии модарам омада буданд. Фаридаро дидаму ҳуш аз сарам парид, ӯ низ маро дида, дар ҳаяҷон афтод. Холаи Дилором маро ҳолпурсӣ карданд, аммо чизе нагуфта, аз хона баромада рафтам. Баъдан дарк кардам, ки модарам ба хонаи падару модари Фарида барои ман не, барои писари дугонаашон ба хостгорӣ рафта будаанд. Пас аз ин ҳодиса чанд рӯз ба хона наомада, дар коргоҳ истодам.

Ҳеҷ сабаби чунин рафтор кардани модарамро фаҳмида наметавонистам, вале ба хотири модарам ин ҳамаро фаромӯш карда, боз ба хона баргаштам. Модарам хатои худро дарк карда, наздам бо гиря узрхоҳӣ карданд. Ман бошам, модарамро тасаллӣ дода, ором кунонидам. Баъдан модарам хоҳиш карданд, ки Мафтунаро аз хонаи падараш оварда, бо ӯ зиндагиро идома диҳам. Вақте барои овардани ҳамсарам аз хона берун шудам, Мафтуна худаш аз дарвоза даромада, изҳори пушаймонӣ карду аз ману модарам узр пурсид. Ману модарам узри занамро қабул намуда, тамоми хатогиву беақлиҳояшро бахшидем. Имрӯз боз бо занам зиндагӣ дорам, вале ишқи Фарида ҳамеша дар қалбам хона дорад. Мақсад аз навиштани номаи ман дар он аст, ки мехоҳам зиндагии ман барои дигар ҷавонону модарон панд шавад.

Бақозода Анӯшервон,

донишҷӯи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мирак 2022-01-01, 20:59
Э войе ишки сузонуме….
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мирак 2022-01-01, 20:59
Э войе ишки сузонуме….
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД