Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!
Ман як духтари бе модар мехоҳам дарди диламро бо кӯмаки сомона ба падарам бирасонам.
Падар, модарам аз дунё гузашту баъди чанд вақт шумо зангир шудед. Ҳарчанд зорӣ кардам, ки ақаллан то соли модарамро додан ин корро накунед, маро ҳатто шунидан нахостед ва барои як зан шуда, сару рӯямро зада сиёҳу кабуд кардеду мӯйи сарамро қабза-қабза кандед. Гириста-гириста гуфтам, ки дониста монед, ҳамон рӯзе, ки зани наватон аз дар дарояд, ман аз хона баромада меравам. Заҳрханда карда гуфтед, ки нозу нузи туро ба ғайр аз хонаи ман дигар дар ягон ҷо намебардоранд. Аламам бештар шуда гуфтам, ки бигзор нозамро касе набардорад, бигзор сарсону саргардон ва ба як бурда нон зор шавам, ҳарчӣ бодо бод, меравам!
Беҳуда мегуфтаанд: «Модар, ки бимурд, падар падарандар гардад!» Акнун ман ба ҳақиқати ин масал бовар кардам. Аз рӯзе, ки модарам аз дунё гузашт, шумо барои ман падарандар шудед, падар. Паиндар! Марги модарам маро руҳан кушта буд, шумо бошед, бо зангириатон дубора маро куштед. Дигар зорӣ намекунам, ки зан нагиред. Бигиред, вале дониста бошед, ки ман тобу тоқати моиндарро надорам, падар. Пеши роҳамро нагиред, монед ин ҷисми зиндадаргӯрамро ба ягон гӯшае барам, ки касе маро надонаду нашиносад. Дониста бошед, шумо наметавонед маро зӯран нигоҳ доред, агар бо хӯшӣ аз сари роҳам дур нашавед, мегурезам. Фирор мекунам, аз падаре, ки барои зан шуда, фарзандашро мезанад. Пештар бо ифтихор ба дугонаҳоям дар бораи шумо нақл мекардам, акнун аз онҳо шарм медорам. Маълум мешавад, ки ман одамшинос набудаам, шуморо фаришта гумон мекардам, аммо…
Фарангис.