shoh palace
Модарам келини «ситора» намехоҳад…
05.12.2022
Нисо
1834

 

Мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем, вале андешарониҳои бархе аз волидайни мо дар асри понздаҳ қарор дорад. Яктояш модари ман, духтури номдор, зани донишманд, бомаърифату фарҳангӣ, аммо як фикрҳое дорад, ки…

Ман маҷбур шудам, ки қалам гирифта, ба ҳафтавори «Оила», ки модарам хеле дӯсташ медорад ва ман ҳам дар пайравии модарам муштарияш шудаам, нома нависам. Пешакӣ мегӯям, ки ин кори мардона нест, баъд аз рӯйи модари худ шикоят кардан ҳам гуноҳ аст, аммо намедонам чӣ кор кунам.

                          Писари эрка

Падару модари ман ҳар ду духтуранд, онҳоро мардум мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Онҳо бо ризоияти волидайни хеш, ки бо ҳам дӯсту рафиқ будаанд, хонадор шуда, зиндагии орому осудае доранд.

Дар оилаи мо ману бародарам ба дунё омада, ба воя расидем. Бародарам пайи касби волидайн рафта, имрӯз духтур аст, ӯ бо ҳамсабақаш хонадор шуда, имсол соҳиби писарча гаштаанд.

Ман бо дониши худам ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико дохил шудаму онро бо тахассуси иқтисоддон хатм намудам. Чун ба падару модарам гуфтам, ки мехоҳам дар Амрико монам, онҳо розӣ шуданд.

Дар Амрико рафиқе дорам, ки падараш бонки шахсӣ дорад, бояд бигӯям, ки он ҷо рафиқбозӣ кор намеравад ва падари Ҷеймс дид, ки ман дониши хуб дорам, маро ба кор гирифт.

Оҳиста-оҳиста зиндагиям хуб шуд, чун компютерро аъло медонам, боз як тиҷорати хурд ҳам дорам, ҳамин тавр роҳи худро дар ин кишвари бузург ёфтам.

Волидайнам доим таъкидам мекарданд, ки ба ватан омада, зани тоҷик гираму баъд ҳамсарамро ҳароҳам ба Амрико барам. Ҳарчанд дӯстдухтари ҳинду доштам, аммо гапи волидонам бароям гап буду ин хоҳиши онҳоро ба инобат гирифтам.

Ба модарам гуфтам, ки дар рухсатии меҳнатӣ ба ватан меравам ва ягон келини хуб хуш карда монад, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?

                         Ишқи «ситора»

Як рӯзи шанбе хостам барои худам пойафзол харам, вориди мағоза шудаму он ҷо чашмам ба як ҳофизаи ҷавони тоҷик, ки ҳамеша сурудҳояшро гӯш мекунам, афтид.

Бе ягон фикру андеша рост наздаш рафта, саломаш додам, ӯ ҳам бо табассуми малеҳ ҷавоб гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки ман ҳамеша сурудҳои шуморо гӯш мекунаму хеле сӯҳбат кардем. Ҳофиза барои додараш пойафзол мехаридааст, як нафар ба ватан меравад, барои хонагиҳо савғо мефиристам, кутоҳакак гуфт ӯ.

Мо якҷоя аввал барои ман баъд барои додари ӯ пойафзол гирифтем ва ман ӯро ба қаҳвахона даъват кардам. Ӯ он ситораи саҳнаи дар орову торо тар кардаи мағрур не, балки як духтараки сабзинаи оддияки хушсухану ниҳоят меҳрубон буд.

Бо забони англисӣ озод сӯҳбат мекард, ман шеърро дӯст медораму ба вай барои интихоби матнҳои олӣ офарин гуфтам. Ҳофиза барои сабти як клипаш ба ин ҷо омада будааст:

-Маро як дӯсти эрониям ба ин сафар маҷбур кард, вагарна ман дар манзараҳои ватан сабт намудани клипро дӯст медорам,- гуфт ӯ ҳангоми сӯҳбат.

Ману «ситора» ба ҳам унс гирифтем, чун аз ӯ пурсидам, ки дилаш банд нест, бо ханда посух дод, ки вақти ошиқӣ надорам. Мо ба ҳам сахт унс гирифтем, чанд бор ба хонаам даъваташ кардаму ҳамроҳ оши палав пухтем, ман ошиқ шудам, ӯ низ…

                               Паймон

То рухсатии ман чор моҳи дигар буд, маҳбубаам баъди якуним моҳи бо ҳам буданҳо ба ватан баргашт. Пеш аз баргаштан ман бо ӯ аҳду паймони оиладорӣ бастам. Барои ёри ситораи ман саҳна муқаддас буду касбашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва ӯ пеш аз он, ки ризоияташро барои хонадоршавӣ диҳад, шарт монд, ки аз саҳна дураш намекунам.

Ман қавл додам, зеро барои ман, ки дар оилаи зиёӣ ба воя расидааму панҷ соли уми худро дар Аврупо сипарӣ намудаам, ин ягон ҷойи нангу номус набуд. Ман низ дар навбати худ шарти худро гузоштам, ки ӯ тӯйгардӣ намекунад, дар таҳияи клипу барпо намудани барномаҳои консертияш ман ёрӣ мерасонам.

Ҳофизаи ман худаш ба тӯйгардӣ он қадар завқ надошт, аз ин рӯ, мо аҳду паймон бастем. Ман бо дӯсти эронияш низ вохӯрдам, ӯ маро дилпур сохт, ки духтари хушкардаам хушдоману бо ақлу порсост. Ман худам низ тӯли рӯзҳои бо ҳам будан ӯро омӯхтам, ҳамин тавр ман ёри «ситора»-амро ба ватан гусел кардам.

Худи ҳамон рӯз ба модарам занг зада гуфтам, ки аз пайи келинкобӣ нашавад, ман худам бо зеботарин духтари Тоҷикистон вохӯрдаму бо ӯ хонадор мешавам.

Ман боварӣ доштам, ки дӯстдоштаи ман ба модарам писанд меояд, аз ин рӯ, номашро нагуфтам, вале таърифаш кардам. Таъриф намекунам, ман худам ҳам ҷавони қоматбаланди абрӯсиёҳ ва орӣ аз одатҳои бад ҳастам, дар кадом маҳфиле нишинем, аз таваҷҷӯҳи духтурон дур нестам.

Ҳаргиз дили духтареро шикаста, ӯро беҳуда умедвор накардаам, шаҳди ошиқиро низ бори аввал мечашидам. Ишқи ҳақиқӣ дар ҳаёти ман бори аввал падид омад.

                             Исёни модар

Мо ҳамеша бо маҳбубаам дар тамос будем, ман ҳатто бо модараш низ гап мезадам, ӯ зани меҳрубону дурандеше буд.Чор моҳи ҳиҷрон сипарӣ гашту ман ба ватан баргаштам, ростӣ ба аҳли хонавода аз омаданам нагуфтам.

Маро аз фурудгоҳ дӯстдоштаам пешвоз гирифт, бо гулдаставу шириниву худаш бо айнакҳои сиёҳ ва ниқоб. Чун ба мошинаш нишастем, ӯ кепкаву айнаку ниқобашро гирифт ва бо ханда гуфт:

-Дар Амрико як ту маро мешинохтӣ, ин ҷо ҳозир сабтамон мекарданду пагоҳ тамоми шабакаҳои интернетӣ пур аз мо мешуд,-мо шабона Душанберо чарх задем ва ӯ маро рост ба хонаашон бурда гуфт,- модарам гӯштбирён пухта, интизори туст.

Сари хони пурнозу неъмат ҳамроҳи модару додараш нишастем, падараш аз олам гузашта будааст, хеле сӯҳбат кардем, ман тӯҳфаҳои овардаамро ба онҳо супоридаму баъд додараш маро то назди хонаамон оварда монд.

Падару модарам ҳайрон аз сюрпризи ман, вале хурсанду масрур пешвозам гирифтанд. Ду рӯз баъд ба модарам гуфтам, ки мехоҳам шуморо бо духтари дӯстдоштаам шинос кунам.

Янгаам дастархони зебое оро доду ҳамакаса сари он ҷамъ омадем, чун ёри «ситора»-и ман бо ҳадяҳои зиёд сари чанбараки мошин вориди ҳавлӣ шуд, модарам абрӯвонашро ба ҳам кашид. Ҳарчанд хотири ман худашро базӯр нигоҳ дошт, вале пас аз рафтани ӯ исёне кард ногуфтанӣ…

-Ман ба чашми мардум чӣ гуна нигоҳ мекунам, бачааш ҳофизара гирифтааст мегӯянд, ё ман ё лӯхтакат!!!

Зориву фаҳмондадиҳиҳои ман ба қалби сангини ӯ асаре надоранд, маҳбубаам ҳам пай бурд, ки модарам ризо нест. Ӯ дар ҳар вохӯрӣ мегӯяд:

-Беҳзодҷон, ҳеҷ гапе не, барои ман шуда, модаратро хафа накун, он касро фаҳмидан мумкин. Ҷомеаи мо чунин аст!

Ман сир бой намедиҳам, аммо наметавонам барои ҷаҳонбинии танги модарам шуда, аз баҳри ишқам гузарам. Ман ғайри хоҳиши модарам ҳам бошад, бо «ситора»-ам хонадор мешавам, шояд баъд маро мефаҳмад.  Ё шумо андешаи дигар доред, хонандагони азиз?

                                                                  

                                                                                   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД