Arzon march 2024
Модарам аз рашк додаронамро ба хона роҳ намедиҳад
27.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1468

Саломи худро ба кулли хонандагони Oila.tj мерасонам. Мехоҳам зиндагиномаи худро ба шумо нақл карда, каме ҳам бошад, дардамро сабук созам.

Падарам ду зан дошт. Зани якумаш модари ман буду аз зани дуюмаш ду писар дошт. Аҷибаш дар ин буд, ки ман умуман байни модарам ва он зани меҳрубону дилсӯз фарқият намедидам. Додарони угай ҳам бо ман муносибати хуб доштанд. Мо дар деҳа зиндагӣ мекардему онҳо дар шаҳр. Модари ман рашки зиёд дошт, вале зани дуюми падарам ба мо ҳамеша кумак мекард. Дӯзандаи номӣ буд ва куртаҳои ману модарамро хеле зебо ва шинам медӯхт, вале модарам ҳамеша ӯро ҳақорату дашном мекард.

Сабаби зани дувум гирифтани падарам модарамро дӯст надоштанаш буд, зеро модари маро маҷбуран ба ӯ дода буданд. Зани дувумашро бошад, падарам дӯст дошта гирифт. Зани падарам ҳар ду рӯз пас ӯро ба назди модарам мефиристод. Соли гузашта зани дуюми падарам рӯзе ҳангоми намози шом ба хонаи мизоҷаш куртаро бурданӣ шуда, аз чизе тарсида, бистарӣ гардид. Ду рӯз ҳарораташ баланд шуду рӯзи сеюм вафот кард.

Рӯзи марги моиндарам ману падару додараконам хеле гиристем. Падарам баъди марги ӯ тамоман хаёлӣ гашт. Баъди як ҳафтаи марги занаш падарамро субҳи солеҳон ҳангоми ба кор рафтан мошини сабукрав зер кард ва дар роҳ ба сӯйи беморхона вафот кард. Дар марги падарам сӯхтем.

Ҳоло модарамро зорӣ дорам, ки додараконамро гирад, аммо ӯ розӣ нест. Писарони падарамро бобои пирашон нигоҳубин мекунад, вале шароиташон хеле бад аст. Азбаски хонаи шаҳриямон ба номи аммаам буд, ӯ баъди вафоти додараш хонаро гирифт. Ҳавлии қишлоқ аз модарам аст, вале аз рӯйи рашк модарам намехоҳад додараконамро гирад. Ман ӯро чӣ гуна розӣ кунонам?

Н. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД