Formula novemver 2024
Модар китобхон бошад, фарзанд хушахлоқ мешавад
03.02.2024
ОИЛА
916



Аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро ҳамеша ба ҷо меоранд.

Ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанд бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад. Доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд». Чаро имрӯз фарзандон бе тарбияву эрка ба воя мерасанд? Сабаб дар чист? Оид ба ин мушкилоти доғи рӯз модари рӯзгордида, хушдоман ва бибии меҳрубон Маҳинабону Авезова андешаи худро баён намуданд.

-Калон кардани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад. Дар баъзе хонаҳо падару модар нисбати фарзанд серталабӣ кунанд, бобою модаркалон набераашонро тарафгирӣ намуда, айбҳояшро мепӯшанд, гуноҳҳояшро мебахшанд. Дар чунин ҳолат кӯдакон эрка шуда, бо мунофиқию дурӯягӣ тарбия меёбанд.

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Хуб мебуд, ки волидон низ барои бо тарбия ба воя расонидани фарзандон бештар китоб мутолиа намоянд. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои падару модарони мо китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома» - и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Насирӣ» - и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат» - и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД