Оё модари кӯдак ҳуқуқ дорад баргардонидани кӯдакашро аз хешу табораш, ки кӯдакро тарбият кардаанд, талаб намояд?
Насиба, шаҳри Гулистон
Пеш аз ҳама, бояд қайд намоем, ки баҳсҳои дар тарбияи кадоме аз волидайн мондани кӯдакро суд баррасӣ менамояд. Мувофиқи талаботи Кодекси оила падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд.
Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд. Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.
Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад.
Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.