formula
МОДАР ДАР РУСИЯ ДАРДМОНУ ДУХТАР ДАР ТОҶИКИСТОН ГУМ ШУД
5773

Салом хонандаи сомонаи маҳбуби "Oila". Ман як зани азияткашида Раҳимова Матлуба аз кӯчаи Файзулло Абдуллоеви шаҳри Ҳисор ҳастам. Соҳиби 4 фарзандаму дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекунам. Ҳозир бошад дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия се моҳ боз бекорам.

Моҳи март аз бонк қарз гирифта, ба муҳоҷират омадам бо умеди ақаллан тангае ба даст овардан. Давоми 3 моҳ боз пули иҷораамро дода наметавонам. Ба болои сӯхта намакоб барин духтарам  Раҳимова Мафтуна чанд рӯз боз гум шудааст. Хонаводаамон ба милитсия муроҷиат кардаанд, вале танҳо ҷавоби "мебинем" гирифтаанду ҷигарбанди ман то ҳол барнагаштааст.
Вақте ба Русия омадам пандемия нав сар шуда буд. Баъд карантин шуду бекор дар иҷорахона мондам. Аз як сӯ ташвиши супоридани пули иҷора, аз сӯи дигар гум шудани духтараки нозанинам, ки ҳамагӣ 16 сол дорад, дилу ҷигарамро об кардааст. Касе намедонад, ки духтарам Мафтуна Раҳимова бо чӣ сабаб аз хона баромада, бедарак шуда бошад. 
Илтимос ҳамватанони азиз, кӯмакам кунед, ки дар мулки бегона бепулу сарсон мондаам. Ақаллан биёяму духтаракамро кобам. Ҳеҷ кас мисли модар барои фарзанд талош намекунад. Бо чашмони гирён об аз гулӯям намегузарад. Маро не, ақалан духтаракамро пайдо карда, ба падари пирам занг занед: 900298424 Бобои Сафар

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД