Азоби 10-12 соат кашидаи модар гузашту тифлаки зебои рӯйсурхак ба дунё омаду ба омаданаш ба шумо унвони «оча»-ро дод.
Зан давоми нуҳ моҳи ҳомиладорӣ ҳолатҳои гуногуну душвор, ба монандӣ дилбеҳузӯрӣ, сардардиҳо, хастагии зиёдро паси сар мекунад. Дар паи ин ҳама нороҳатҳо вақте тифл ба дунё меояд, давари нави зиндагӣ оғоз мешавад ва модар то андозае хоби ором меравад.
Албатта ин хобравӣ ҳам дер давом намекунад, зеро зебоякамон гурӯсна мемонад ва ҳар вақте ки ӯ мехоҳад, бояд шикамчаашро сер кунед. Вале ин зеботарин ҳолате аст, ки шумо метавонед тасаввур кунед ва маҳз чунин лаҳзаҳои ширин метавонад тамоми дардҳоро аз ёд бурд.
Баъди таваллуд дар организми зан тағйироти зиёд дида мешавад. Ҳарорати бадан баланд мешавад, аз ҳисоби ҳарорати баланд шикам низ сахт мешавад, ҳангоми ширдиҳӣ бачадон кашиш хӯрда, дардҳои кундро модар эҳсос мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин дардро ба дарди зоиши кӯдак ҳамсон меҳисобанд. Бо вуҷуди ин дардро дарди меъёрӣ ва барои оранизми зан муфид медонанд.
Баъди тавалуд вазни бачадон 1000 грамм аст. Дар давоми 6-8 ҳафтаи баъди таваллуд вази пешин, яъне 50-60 грамм мешавад. Табиат чунин офаридааст, ки бо пайдо шудани кӯдак дар бачадон ин узв калон мешавад ва баъди таваллуд оҳиста-оҳиста андозаи пешини худро мегирад. Барои барқарор шудани бачадон ва пешгирӣ аз оризаҳои баъдитаваллудӣ кӯдакро зуд-зуд макондаан лозим.
Тағйироти дигаре, ки зан баъди тавалуд бо он вомехӯрад ин асабоният аст. Торҳои асаб бо фаъолияти нави организм рӯ ба рӯ мешавад. Атрофиён бояд ба ҳолати тағйири зан дуруст бархурд кунанд.
Аввалан торҳои асбаб баъди кашидани ин ҳама дард хаста мешавад ва барқароршавиаш то 6 ҳафта ё ду моҳ тул мекашад. Сониян барои шир ҷудо кардани организм (то ин муддат торҳои асаб ин амалро иҷро намекарданд), кор мекунанд. Ин амал низ хастакунанда аст. Паҳлубардории аҳли хонавода, махсусан ҳамсар ниҳоят муҳим аст.
Ин ҳама фактҳои илмӣ ба ҳамон чиланишиниҳои бибиҳо мегуфтагӣ рост меояд. Барои ҳамин модару кӯдаки навзод чил рӯз чилла менишинанд. Ин ҳардуру барои ҳайёти нав мутобиқ мекунад.