Рауфов Мансур Чақалович, соли тавалудаш 1978, зодаи ноҳияи Файзобод 23-сол боз бедарак аст. Соли 1996 Мансурро ба шаҳри Душанбе барои адои хизмати ҳарбӣ оварданд.
4-моҳ пас сарбозони қисми ҳарбиеро,ки Мансур дар он ҷо хизмат мекард, ба ноҳияи Тавилдара барои омӯхтани таҷрибаи ҳарбӣ бурданд. Дар ана ҳамон шабу рӯзҳо аз байни аскарон Мансур якбора бе ному нишон гум шуд. Падару модари Мансур борҳо ба он қисми ҳарбӣ рафта, талаб намуданд, ки фарзандашонро ёфта диҳанд, вале тамоми кӯшишу ташошҳо баҳри пайдо кардани ин аскарбачаи гумном бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Аз байн 23 сол гузаштаасту касе то имрӯз намедонад, ки Мансур мурда аст ё зинда, аммо модари ин аксари гумном ҳамоно умед дорад, ки рӯзе чашмаш ба дидори фарзандаш расида, аз дунё бе ормон мегузарад. Волидони Мансури гумном мисли Яъқуби паёмбар, ки чиҳил сол дар ҷустуҷӯйи Юсуф буд, дар фироқи рӯйи фарзанд ҷигархун гаштаанд ва аз тамоми ҳамдиёрон бо камли эҳтиром хоҳиш менамоянд, ки дар пайдо кардани ҷигарбандашон ба онҳо ёрӣ расонанд. Аз Мансур танҳо як акси замони дар синфи ҳаштум хонданаш гирифташуда боқӣ мондаву халос. Муъҷизаҳои Худованд ҳаду ҳудуд надоранд, агар офаридгор ин ҷавонро зинда нигоҳ дошта бошад ва касе дар борааш чизе бидонад, хоҳишмандем, ки ба рақамҳои 001-55-00-44 ба сомонаи Оила. ТҶ хабар диҳанд