Пас аз гузаштани муҳлати ҳамл Ҷавлон писараки зебое ба дунё овард, ки номашро Шукрулло гузоштанд. Хурсандии Навид ҳадду канор надошт.
Шукрулло сесола шуду Ҷавлон писараки дуввумаш Амруллоро ба дунё овард. Навид, ки акнун ба вазифаи баландтар гузашта буд, хонаҳои кӯхнаашро афтонда, хонаҳои нав сохт. Кампири Хайрӣ ризо аз қисмати худ оламро тарк гуфт, зиндагии Ҷавлону Навид хушу хурсандона идома дошт. Завлон, ки дар ҳамсоягии апааш мезист, дар мушкилиҳо ёригари ӯ буд, хулоса мушкиле надоштанд, бачаҳо низ қад кашида, ба воя мерасиданд. Шукрулло ба мактаб рафту Навид тӯйи суннатии осмонкафе дода, армон шикаст, вале ба зиндагии онҳо чашми бад расид магар, ки…
Фалокати ногаҳонӣ
Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ Ҷавлон бемор шуд, ҷавонзани соҳибҷамол зарду заҳир шуда, дар худ фурӯ рафта буд. На ба кӯдаконаш аҳмият медоду на ба шавҳараш, Навид ӯро ба назди табибон бурд, духтурон гуфтанд, ки зан рӯҳан бемор шудаасту ӯро бистарӣ намудан лозим аст, вале дили Навид нашуд ва табобатро дар хона мегирем гӯён, ҳамсарашро ба хона овард. Пас аз гирифтани табобат ҳоли Ҷавлон каме беҳтар шуд, аммо бо гузаштани се сол боз дардаш хурӯҷ кард. Ин дафъа ӯ зиёд мегирист, дар кунҷаке нишаста, ба як нукта нигоҳ мекарду халос. Шукрулло дар синфи чор мехонду Амрулло дар синфи якум, Навид худаш кӯдаконашро нигоҳ мекард, Ҷавлон каме ба худ ояд, ба кору бори хона даст мезад ва Завлон низ ба апааш ёригар буд. Зан шикоят кард, ки сарам дард мекунад ва Навид ӯро назди рӯҳшиноси номдоре бурд, табиб ҳатмӣ будани бистарӣ кардани Ҷавлон ва хатарнок будани ӯро барои аҳли оила гуфт ва Навид ночор ҳамсарашро дар беморхонаи маризиҳои равонӣ хобонду худаш ба хонааш баргашт... Завлон дар беморхона бистарӣ шудани апаашро шунида, бо язнааш гапаш гурехт ва гирякунон гуфт:
-Язна, чӣ хел дилатон шуд, ки апаамро дар байни девонаҳо хобонед ё боз ҳаваси зани нав кардед?! -Навид ҳамин қадар мефаҳмонд, Завлони оташгирифта ӯро намефаҳмид….
Хатои хунин
Рӯзи дигар субҳи барвақт Завлон ба хабаргирии апааш рафт, ҳарчанд табибон монеи роҳаш гаштанд, вале ӯ “апаи ман девона нест” гӯён, Ҷавлонро гирифта, ба хонааш баргашт. Писаронаш бо дидани модарашон хурсанд шуда, худро ба оғӯши ӯ партофтанд, ин манзараро дида, чашмони Навид ғарқи об шуданд. Дар симои занаш осоре аз беморӣ наметофт ва ӯ аз Навид илтимос кард, ки рафта аз бозор нахӯду сабзӣ биёрад, то ош пазанд. Мард аз пайи супориши ҳамсараш ба бозорчаи сари роҳ рафт ва баъд аз ним соат баргашт, дар хона оромӣ ҳукмрон буд, писараконаш чун ҳарвақта ба пешвозаш надавиданд, ин сукути пурасрор дар дили мард ваҳшатро бедор карду давида, ба хона даромад. Ҷавлон дар даҳлез бо ду дасташ сарашро дошта менишаст, дастону сару рӯй ва либосҳояш дар хун тар буданд.
-Занак, чӣ кор кардӣ?- фарёд зад Навид.
-Бачаҳоятро куштам,- гуфт оромона Ҷавлон. Навид ба хона даромада, Шукруллоро бо гардани бурида дид, ӯ чунон фарёде кашид, ки дар як лаҳза замину замонро одам зер кард…. Шукрулло ва Амруллоро модар бо корди говкушии падарашон сар бурида буд, деворҳои хона, роҳраву даҳлез ҳама ҳавзи хун буданд. Худованд касеро ба ин аҳвол гирифтор накунад, ҳар вақт девонаҳои сарҳӯйи кӯчаро дида, ин воқеа пеши назарам зинда мешавад, ки чанд сол пеш дар яке аз ноҳияҳои кишварамон рӯй дода буд…