Шояд дуои модар мустаҷоб гашт, ки як хеши дури шавҳараш аз кӯҳистон барои фотеҳахонӣ омаду қиссаи зиндагии Навидро шунида, таклиф кард, ки духтари ӯро келин кунанд. Навиди аз зиндагӣ дилсардгашта танҳо ба хотири модар бори сеюм ба зангирӣ розӣ шуд. Модар бо сад умеду орзу кулчаю қатмол пухта, ҳамроҳи духтар ва домодаш ба деҳаи дурдасти кӯҳистон хостгорӣ рафт. Арӯсшаванда нав мактабро хатм карда, ҳаждаҳ сол дошт, Навид бошад, марди ду зан дидаи 36-сола… Падару модар ва бародарони арӯсшаванда бо хурсандӣ розигӣ доданд, зеро хонаву дари алоҳида, ахлоқу одобу мавқеи дар ҷомеа доштаи Навид ба онҳо маъқул буд. Пас аз як моҳи хостгорӣ Ҷавлонро тӯйи хоксоронае ороста, ба хонаи бахташ гусел карданд. Навид гумон мекард, ки баъд аз Улфатмои оқилаю донояш ӯ дигар ба касе дил намебандад, вале ҳусни гулӯсӯзи парии кӯҳистон ӯро чунон шефтаю шайдо кард, ки фориғ аз кор як қадам аз ӯ дур намешуд. Кампири Хайрӣ бахти деромадаи писарашро аз ӯ зиёдтар дӯст медошту эркааш мекард. Ҷавлон аз кӯҳистони дурдасти серкор ба водии ободу зебо фаромада, шукронаи хонаву дари обод ва шавҳари меҳрубонашро карда, ҳурмати ӯ ва модари пирашро ба ҷо меовард. Пас аз ду моҳи тӯй Ҷавлон дар ҷисмаш тағиротро эҳсос кард, хоболуд гашта буду бо дидани шавҳараш дилаш беҳузур мешуд. Бӯи равғанро тоқат карда наметавонист, бинияшро баста хӯрок мепухт, ин ҳолати зани дӯстдоштааш Навидро ба ташвиш оварда буд, аммо кампири Хайрӣ бо гиря пичиррос зад:
-Навидҷон, писарам, Ҷавлон ҳомиладор шудааст….
Шодии деромада
Навид ин хабарро шунида, аз Ҷавлон хоҳиш кард, ки зуд либосҳояшро пӯшад, ба духтур мераванд, вале зан бо нигоҳи хаста пичиррос зад:
-Шуморо бинам, аҳволам бад мешавад,-Навид бо ҳайрат ба модараш нигарист, кампири Хайрӣ бо мулоиматӣ гуфт:
-Келинам ба худам рафтааст, ман ҳангоми ҳомиладорӣ се-чор моҳ умуман бо падарат гап намезадам, ту аз пайи корат рафтан гир, ман аз келини ҳамсоя хоҳиш мекунам Ҷавлонро ба духтур мебарад, як бор, ки бурд, дигар худаш рафтан мегирад. Он рӯз Навид ба кор нарафт ва пинҳонӣ аз қафои занашу келини ҳамсоя ба духтур рафт, пас аз баромадани онҳо ба назди духтурзани шинос даромада, ҳақиқат будани ҳомиладории занашро фаҳмида, як қабза пулро ба кисаи ӯ андохта, бо табъи болида ба кор рафт.
Кампири Хайрӣ намегузошт, ки Ҷавлон ба кори вазнине даст занад, хӯрокҳои дилхостаи вайро пухта, келинашро ҳамроҳаш мехобонид, шабҳо танҳо берун баромадан намемонд. Навид то шашмоҳа шудани ҳамли занаш танҳо аз дурӣ ӯро ҳолпурсӣ мекарду халос, хулоса намегузоштанд хор ба пои ӯ халад. Дар ин мобайн бо дахолати келини ҳамсоя, ки бо Ҷавлон мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, хоҳари Ҷавлон Завлонро хусуру хушдоманаш барои писари хурдияшон арӯс карда оварданд, хоҳарон хушбахт буданд, ки дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.
Давом дорад