Дарахти бесамар
Навид бо дӯстдориҳои зиёд бо ҳамсинфаш Улфатмо хонадор шуд. Волидони онҳо ҳамдигарро хуб мешинохтанд, аз ин рӯ, барои ба ҳам расидани ду дилдода монеае пеш наомад. Зиндагии ширину гуворои ду ошиқ дар хонаи алоҳида оғоз ёфт, зеро Навид дар совхози навбунёди яке аз ноҳияҳои водии Вахш агроном шуда, кор мекарду чун мутахассиси ҷавон барояш хона дода буданд. Мардуми атроф ба ҳаёти ширини ин ду нафар бо ҳавас менигаристанд, ин ҷуфти зебо аз чизе камӣ надоштанд. Волидон низ аз бахти фарзандони хеш меболиданду ҳар гоҳи ба меҳмонӣ омадан ба онҳо иқболи накӯ мехостанд. Солҳо чун турнаҳои баҳорӣ аз осмони умри мо рафтан доштанд, вале ниҳоли қомати Улфатмо ҳеҷ не, ки бор оварад. Чун панҷ- шаш сол сипарӣ гашту фарзанддор нашуданд, бо тавсияи волидон ба табобат шурӯъ карданд, вале Худованд оҳи онҳоро намешунид. Навид ҳамсарашро дӯст медошту ба ояндаи хуш умед мебаст, вале ҳеҷ не, ки ниҳоли умедворияш бор биёрад. Бо гузаштани понздаҳ соли хонадорӣ, онҳо доғ дар дил аз ҳам ҷудо шуданд, Улфатмо ба хотири надидану насӯхтан пас аз ҷудоӣ аз Навид ба пойтахт ба хонаи холааш рафт, ки мисли худаш бефарзанд ва пиру дастнигар буд, то ки дами пирӣ асои дасти ӯ бошад. Навид низ дар панҷ-шаш моҳ ба худ наомад…
Бахтшикаста
Волидони Навид ба хотири каме хурсанд намудани писари дилшикастаашон ба хонаи ӯ кӯч бастанд, ҳузури волидайн ва насиҳатҳои модар ба ҷавон таъсир карданду ӯ ба тақдираш тан дод. Пас аз як соли рафтани Улфатмо духтараки ҷавонеро, ки ҳамшираи шафқат буд, хостгорӣ карда, аз нав хонаи вайрони писарро обод карданд, волидони дилсӯз. Амина низ ба бахти Навиди меҳнатию хушахлоқ зани нағз баромад, ҳурмати хусуру хушдоманро ба ҷо меовард, баробари шавҳар кор карда, дар буҷҷаи хонавода саҳми худро мегузошт. Ҳангоми бо Улфатмо табобат кардан, духтури олмоние ба Навид гуфта буд, ки то аз ҳамдигар ҷудо нашаванд, соҳиби фарзанд намегарданд, айб дар хуни онҳо будааст. Вале фарзандро Худо медиҳад гӯён, зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо намешуданд, вале ҳомиладор нашудани Амина дили шикастаи мардро сиёҳтар мекард. Боре Амина дар ин хусус гап кушода гуфт:
- Мардак, ман назди духтури занона рафтам, мегӯяд, ки айбе надорӣ, шавҳарат бояд табобат кунад,-ин суханони зани ҷавонаш, асабҳои бе ин ҳам хароби Навидро харобтар карданду ӯ фарёд зад:
-Ман табобат намекунам, безор шудаам, агар хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ ту ҳам баромада рав! -Амина гӯё интизори ҳамин бошад, либосҳояшро ғундошта, баромада рафт, Навид ҳам дигар ба суроғи ӯ нарафт, пас аз се моҳи ароз карда рафтани ӯ мард ба суд ариза навишту онҳо аз ҳам ҷудо шуданд…
Ашкҳои модар
Навид тамоми ҳастияшро ба кор бахшида, дигар ёди ҳамсар накард, шабу рӯз дар обёрисозии заминҳои як дашти бекорхобида машғул буду модару падараш бошанд, дар хона интизори ӯ. Бо ҳамин минвол шаш моҳ гузашт, падараш дар ин мобайн ба сактаи майнаи сар гирифтор гашта фавтиду гул кардани орзуҳои нахустфарзандашро надид. Модараш кампири Хайрӣ бошад, шабу рӯз ашк мерехт ва Худоро илтиҷо мекард, ки ба писари чорпаҳлӯю зебо ва меҳнатияш ҳамсари шоиста ва фарзандони хуб диҳад…
Давом дорад