Чанде пеш дар нақлиёти мусофиркаш, ё ба истилоҳ «маршрутка» шоҳиди воқеае гаштам, ки намунаи бисёр баланди бадахлоқии ду нафар, кўдаки дусола ва модари ҷавони ў буд.
Ҷавонзани зебои хушлибоси 25-30-сола ҳамроҳи кўдаки тахминан сесолааш ҷойи ду нафарро банд карда менишаст. Аз истгоҳи навбатӣ марди зиёинамои айнакӣ вориди нақлиёт шуду ҷавонзан бо талаби ронанда кўдакашро бағал карда, ба ў ҷой дод. Мард нав ба курсӣ нишаста буд, ки «сирки бепул» сар шуд, кўдак чун моргазида чиррос зада, талаб мекард, ки мард аз ҷояш хезад. «Хе, даф ша! Иҷа ҷои маҳай!»,- байни чирросаш такрор ба такрор мегуфт кўдак. Модараш бошад, ба ҷойи ором кардан, ба рўйи кўдак чанд шаппотӣ зада, ба мард муроҷиат карда гуфт:
- Амак хезед, ин балозада қиёмата қоим мекунад!
- Не,- қатъӣ ҷавоб дод мард,- кўдакатро аз ҳоло тарбия кардан даркор. Ту чӣ хел модарӣ, ки ба ҷойи ором кардан ўро шаттакорӣ мекунӣ?!
- Э, ту сарат сап-сафед, портфелат як тонна, шарм надошта, гапа намефаҳмию ин кўдаки хар аз куҷо мефаҳмад?!,- ғайричашмдошти ҳама дод зад модари ҷавон ва нақлиётро манъ карда, духтарчаашро аз пештара дида сахттар зада, аз он пиёда шуд.
Марди зиёинамо, ки ранги рўяш канда буд, пичирос зад: “Ҳеҷ гап не, ба ту беадаб дарс мешавад…”.
Модар – намуна
Мақоли машҳурест: «Духтар чӣ гуна - модар намуна». Агар гўяндаи ин мақол мегуфт, ки «фарзанд чӣ гуна – модар намуна», гумон мекунам он саҳеҳу равшантар садо медод, зеро новобаста аз ҷинсият фарзандро модар тарбия мекунад. Падар ҳамеша пайи мусоид намудани шароити моддии фарзанд банд асту бузургтарин шарти одам будан - маънавиётро танҳо модар дар ботини фарзанд ҷой карда метавонад.
Ёд дорам, чанд сол пеш бо донишманди маъруфи тоҷик, профессори суханшинос шодравон Маҳрам Файзов суҳбати матбуотие анҷом дода будам. Чун сухан дар бораи тарбияи атфол рафт, устод андешаманд гуфтанд:
- Аз касе пўшида нест, ки имрўз аксарияти модарони мо худашон муҳтоҷи тарбия ҳастанд.
Мушоҳидаи дар боло овардаи банда низ як исботест аз бетамизиҳои зане, ки номи баланди модарро мушарраф гаштаю рисолати бар дӯш доштаашро иҷро карда наметавонад.
Лолаи САИДАКБАР