Sebiston new 2024 october
МОҶАРОИ ХУНИНИ ТИФЛИ БЕНИКОҲ... (ҚИСМИ 6)
08.06.2021
Оила
3352

ИДОМААШ...

Бахтиёру Ихтиёр низ ҷароҳатҳои марговар бардошта, дар бари падари ҷондодаистодаашон бобои Баҳром ба замин афтоданд.

Баъди кирдорҳои даҳшатборашон Ҷонибеку писаронаш Хуршеду Тухтабой ба сӯи автомашинаашон равона гардиданд. Якчанд қадам мондан пас Хуршед баргашта, ҷониби ҷабрдидаҳои оғӯштаи хун кардаашон- мӯйсафеди Баҳром ва писаронаш Бахтиёру Ихтиёр нигарист ва дид, ки Бахтиёр намурдаасту ҳоло кам-кам ҷумбида истодааст. "Ин сагҷонаш ҳоло ҳам зинда будаасте"-гӯён, аз роҳаш баргашта, бо табари дар дасташ буда, бо мақсади куштани Бахтиёри нимҷон ба болои сари ӯ омад. Табарашро ба болои сараш бардошта, ба сари Бахтиёр заданӣ шуд. Дар ин лаҳза модари Хуршед холаи Моҳбону доду войкунон худро болои Бахтиёри оғӯштаи хун партофта, бо бадани худ бадани Бахтиёрро пӯшонд, то ин ки ҷони ӯро раҳонад.

Хуршеди дар ин лаҳзаҳо аз ҳисси ҷаҳлу ҷаҳолат кӯру кар гаштаву ҳиссиёти инсониашро тамоман аз даст додаи ба даранда табдилёфта, дигар дарк намекард, ки табарро ба сари модари ҷони худ, холаи Моҳбону бардоштааст. Ӯ бо табараш сахт ба китфи дасти рости модари муштипари худ- холаи Моҳбону зада, дасти рости модарашро аз китф бурида, аз танаш ҷудо карда партофт.

Модаре, ки Хуршедро бо сад умеду орзуи беандоза зоида, калон карда буд, модаре, ки ба ӯ шири сафедашро дода буд, то субҳи содиқ барояш суруди алларо сароида буд. Модаре, ки мехост Хуршед як умр мутаккои ӯ шавад, модаре, ки ҷасорату далерии фавқулоддаи баланд нишон дода, барои наҷоти ҷони Бахтиёр ҷону саломатии худро дареғ надонист, аз зарби табари фарзанди нохалафаш, ҷону ҷигараш ба ин аҳволи бад гирифтор шуда, як умр маъюбу маслуқ ва дастнигари дигарон гардид. Он рӯз мӯйсафеди Баҳром ва писари 19 солааш- Ихтиёр дар ҷойи ҳодиса аз зарбаҳои ҷонкоҳи расонидаи мӯйсафеди Ҷониқул ва писаронаш Хуршеду Тухтабой ҷон доданд. Бахтиёр ҷароҳатҳои вазнин гирифта, бо ёрии табибони дилсӯзу меҳрубон ва кордон баъди 6 моҳи табобат зинда монда, маъюби гурӯҳи якум гардид. Рӯзи сар задани ин ҷинояти мудҳиш мардуми деҳа аз ноодамию кирдори даҳшатбори мӯйсафеди Ҷониқул бо писаронаш Хуршеду Тухтабой содирнамуда ба шӯр омада, хонаву молу мулк ва автомашинаи сабукрави онҳоро оташ зада, ба хокистартӯда мубаддал карданд. Оилаи Қодировҳо аз ғазаби мардум тарсида, ба шуъбаи милитсияи ноҳияашон рафтанду дар он ҷо ҳаёташонро наҷот дода, тӯтивор ҷиноятҳои содир кардаашонро бо тамоми ҷузъиёташ пурра, муфассал нақл карда доданд. Ҷониқул Қодиров ва писарони қотилаш Хуршеду Тухтабой ба ҳабс гирифта шуданд.

Аҷоиботи кор дар он ифода ёфт, ки бо таъсири ҳамдиёрони ба шӯромада Дилафрӯз, баъди ба ҳабс гирифта шудани падару бародаронаш маҷбур шуда, сирри ишқварзиашро бо писари ҳамсояқишлоқашон Ҳакимҷон ва аз ӯ фарзанд таваллуд карданашро иқрор шуд. Ҳакимҷон омада, Дилафрӯзу писарашро ба хонаашон бурда, ӯро ба занӣ гирифта, бо ҳам якҷоя зистанро оғоз намуданд. Дилафрӯзу Ҳакимҷон дар тафтишоти пешакӣ ва инчунин дар мурофиаи судӣ факти пинҳонӣ бо ҳам ишқварзиашонро сидқан қоил шуданд. Экспертизаи судӣ-тиббӣ падари писари Дилафрӯз будани Ҳакимҷонро исбот намуд.

Вақте ки дар интиҳо Қодиров Ҷониқул, писаронаш Хуршеду Тухтабой дар курсии судӣ аз ишқварзии Дилафрӯзу Ҳакимҷон ва аз Ҳакимҷон писарзоии Дилафрӯзро шуниданд, худро мисли мор дар фарши толори судӣ партофта, печутоб хӯрда, бо овози баланд доду фарёд зада, дар сару рӯй ва бадани худ бо мушт зада, ҳазорон бор аз бадгумонии фоҷиабори бемаънии худ нисбати Бахтиёр пушаймон гардиданд. Вале дигар ин пушаймонии бо дидаи хунбори онҳо изҳорнамуда суде надошт. Дилафрӯзу Ҳакимҷон сабаби ошкор накардани сирри ишқварзии пинҳониашонро низ қоил шуданд. Онҳо аз тарси падару акаҳои ҷоҳилу золимтабиати Дилафрӯз дар ин бора муҳри хомӯшӣ ба лаб зада гашта будаанд.

Ин парвандаи ҷиноятиро суди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) пурра дар мурофиаҳои худ баррасӣ намуда, 17-уми августи соли 1992 ҳукми одилона баровард: Хуршед Қодиров ба ҷазои олӣ-қатл, падараш Ҷониқул Қодиров ба муҳлати 14 сол, додараш Тухтабой Қодиров ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҳукм ба қувваи қонуниаш даромада, ба иҷро расонида шуд. Дере нагузашта, Хуршед Қодирови ҷаллод парронда шуд ва ба аҳли авлоду оилааш хати сиёҳ омад.

Умедворем, ки чунин бадгумониҳои беасосу бедалел, рашку беандешагиҳои оилаи Қодировҳо, ки ба оқибатҳои вазнину ҷонкоҳ оварданд, барои дигарон дарси ибрат, мактаби ҳаёт мегардад. Дигарон аз ин сабақ гирифта, ҳаргиз ба ин кирдорҳо, хомфикрҳо роҳ намедиҳанд. Ҳар як кору кирдори худро пешакӣ дар мизони ақлу заковати худ чандин бор гаштаву баргашта баркашида, баъд содир менамоянд.

АНҶОМАШ

Абдуҷалил Юсуфов, корманди фахрии Прокуратураи генералии ҶТ, мушовири адлияи дараҷаи якум, ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД