ИДОМААШ...
Баъди ин Бахтиёр ба назди Хуршеду Тухтабойи ҳамсояш, ки калавида-калавида, чун тамошобин дар канори роҳ рост истода, аз ин намоиши ташкил кардаашон ҳаловат бурда, шоду масрур буданд, рафта, онҳоро ба расидан ба ақлу заковат ва одоби ҳамида даъват намуд.
Ин рафтори разилонаю ноҷавонмардонаашонро нисбати Эмом ва худаш маҳкум намуда, аз онҳо талаб кард, ки авбошигиашонро зуд хотима дода, ба хонаашон рафта, то ҳушёршавию ба худ омаданашон хоб кунанд. Ҳамин ки ба гӯши Хуршеду Тухтабойи майзадаву авбоши ашаддӣ ин суханони холисонаву маслиҳатомез ва дилсӯзонаи Бахтиёр даромаданд, онҳо “Ҳоло шумо тирмизакҳо боз ба мо дарси одобу ахлоқ ёд медиҳед?”, - гӯён, ҳар ду якбора бо дашномҳои болохонадор ба Бахтиёр дарафтоданд. Дар як лаҳза Бахтиёр ва додараш Ихтиёрро, ки бо мақсади аз чанголи ин ҷангараҳо халосу раҳо кардани акааш Бахтиёр расида омада буд, хуб мушту лагадкӯб карданд. Атрофиён ба зӯр Бахтиёру Ихтиёрро, ки дар зери мушту лагади Хуршеду Тухтабой дар рӯи роҳи асфалтпӯш хобонда шуда буданд, раҳо намуданд.
Бахтиёру Ихтиёр диданд, ки ҳамсояҳояшон Хуршеду Тухтабойи масту ҳеҷ нест, ки тинҷу ором шаванд, ба хотири ҳамсоягиву ҳамдеҳагиашон ва ҳам ба насиҳату маслиҳати ҷамъомадагон гӯш дода, зуд ҷониби хонаашон раҳсипор гардиданд, то ин ки аз Хуршеду Тухтабой раҳо ёбанд. Хуршеду Тухтабой баъди содирнамоии ин қадар авбошию занозаниҳои бемаънии намоиш додаашон ҳам ҳеҷ не, ки тинҷу ором шуда, бемаънигиашонро бас кунанд. Ҳеҷ не, ки ақли солимашон ба ҷо ояд. Онҳо авбошиашонро на ин ки хотима намедоданд, баръакс, боз бештар дар ҷойи ҷамъиятӣ дар назди мардуми бисёр давом медоданд. Онҳо соат ба соат, мисли алангаи оташ авҷ мегирифтанд.
Ин дафъа Тухтабой дар пеши назари мардуми ҷамъомадаву тамошобин, либосҳояшро аз тан бароварда, “Боз кӣ зӯр, боз адаби киро диҳем?”,-гӯён, ошкоро ҳамдиёронашро ба ҷангу хархаша, занозанӣ, ба содирнамоии бетартибии оммавӣ даъват мекард ва аз забонаш мисли тири пулемёт дашному ҳақоратҳои гӯшношунид пайи ҳам берун мебаромад.
Мардуми ҷамъомада аз додари Хуршеду Тухтабой Ҷонибеки ноболиғ, ки дар он майдон низ ба сифати тамошобин ҳузур дошт, илтимос карданд, ки давида рафта, ба падараш- мӯйсафеди Ҷониқул дар бораи ин авбошию занозаниҳои акаҳояш Хуршеду Тухтабой хабар диҳад, то ин ки зуд омада, эркатулфоронашро ором намуда, ба хонааш барад. Ҷонибек зуд ба хонаашон рафта, ба падараш мӯйсафеди Ҷониқул хабар расонд, ки акаҳояш Хуршеду Тухтабой дар ҳолати мастӣ бо Бахтиёру Ихтиёр ва дигарон дар поёни деҳа дар пеши назари одамони бисёр ҷангу ҷанҷол, занозанӣ содир карда истодаанд. Онҳоро ягон ҳамдеҳаашон тинҷу ором карда наметавонад.
Ин хабарро шунида, мӯйсафеди Ҷониқули ширакайф ҳамон замон гул-гул шукуфт. Як курта гӯшт гирифт. Шоду мамнун гардид. Кинаву адовати 4 моҳ инҷониб дар қалбаш вуҷуддошта нисбати аҳли оилаи Шарифовҳо ба мисли вулқони ба хурӯшомада аланга зад. “Ана акнун мо, Қодировҳо, ба муроду мақсади деринаи худ расидем. Пайти муносибу мувофиқи кайҳо ман интизораш буда ҳам фаро расид. Набояд, ки ин лаҳзаи қулайи худододро аз даст дод. Бигузор ин оила абадӣ донад, ки мо- Қодировҳо дар зиндагӣ ба чӣ корнамоиҳо қодирем. Акнун кайфу сафои бо духтари гули булулаке, ғунчаи ношукуфтаам, Дилафрӯзи моҳпариам доир кардаро бояд, ки аз бинии Бахтиёри зинокор ва аҳли оилаашон бароварда монам”, -гуфта, Ҷониқул аз хонааш табар, 2 корд, бел, нунчак гирифта, ба назди писарони ҷангараву авбошаш Хуршеду Тухтабой рафт. Онҳоро ба мошинаш савор карда, ба назди хонаи ҳамсояашон Баҳром Шарифов ҳозир шуданд.
Ҷониқул Баҳромро аз ҳавлияш ба беруни дарвоза, ба назди худ фарёд кард. Баҳроми бехабар аз мақсади нопоки падару писарон бо дасти холӣ ба назди онҳо баромад.
Ба берун баромадан баробар Ҷониқул бо писаронаш Хуршеду Тухтабойи авбошу ҷангараю хуношом чун гургони хунхор бо дашномҳои азим ба ӯ дарафтоданд. Ӯро яке бо корд, дигарӣ бо табар, сеюмин бо бел зада, аз пой афтоданд. Боз чанде, ки хостанд Баҳроми оғӯштаи хунро лагадкӯб карданд.
Бахтиёру Ихтиёр доду фарёдро шунида, бо дастони холӣ, бо мақсади аз дасти ин ҷаллодон раҳонидани падарашон Баҳром ба назди Қодировҳо омаданд. Вале Қодировҳои саропо мусаллаҳ, ҳамоно бо дашномҳои бадтарин ба Бахтиёру Ихтиёр низ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, ба баданҳои онҳо ҳам бо ин аслиҳаҳои бо худ овардаашон зарбаҳои ҷонкоҳу марговар зада, онҳоро низ оғӯштаи хуну халаф карданд.
ДАВОМ ДОРАД...