Ба шароб рӯй овардани баъзе занону духтарон падидаи ногувор ва нангине мебошад, ки солҳои охир дар ҷомеаи суннатии мо зуҳур намудааст.
Беҳуда нагуфтаанд, ки “мастӣ ба пастӣ мебарад”, шароб нӯшидани занон низ боиси сар задани фоҷиа гашта метавонад. Ҳодисаи нохуше, ки дар вилояти Суғд рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.
Дар Шаҳристон занеро бо иттиҳоми корд задани шавҳараш дастгир намуданд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ин зан дар ҳолати мастӣ дар хонаи иҷораашон бо шавҳараш, ки зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон будааст, ҷангу ҷанҷол карда, дар рафти моҷарои оилавӣ ҳамсарашро корд задааст.
“Байни зани 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва шавҳари 23-солааш, ки сокини ноҳияи Холвалинг мебошад, дар манзили иҷораашон, ки дар кӯчаи Шарипови шаҳри Исфара воқеъ мебошад, тахминан соатҳои 00:30-и шаб ҷангу ҷанҷлол сар зада, ҷавонзан дар ҳолати мастӣ бо корди қатшаванда як маротиба ба шиками шавҳараш задааст”,- навиштааст манбаъ.