Пулиси шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири тоҷикистониро боздошт намудааст, ки дар қатли ҳамватани худ гумонбар дониста мешавад.
Дар як манзили коммуналӣ, ки ҷои зисту зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург маҳсуб меёбад, аз рӯи пул муноқишаи хунин сар зада, аз захми корд яке аз онҳо кушта шуд,-хабар медиҳад "Невские новости" бо истинод ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр.
Аз сар задани ин фоҷиаи хунин Людмила ном зани рус ба кормандони пулис хабар додааст. Мустақим, яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд, моҷаро дар ҳақиқат барои маблағ сар зада, як ҷавонмарди тоҷик ба хотири пул тоҷики дигарро корд задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, қотил рӯ ба гурез ниҳодааст.
Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки дар ин манзили коммуналӣ чанд нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи марказӣ зиндагӣ мекарданд ва ягон нафари онҳо расман дар қайд набудаанд.
Сомонаи "Известия.78" низ ин мавзуъро пайгирӣ намудааст. Тибқи нигоштаи ин сомона як марди тоҷикро бо исми Исаков Қодир дар ноҳияи Адмиралский дастгир намудаанд, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад. Феълан тафтишот аз рӯи ҳодисаи мазкур идома дошта, ҷузъиёти дигари куштори як тоҷик бо дасти тоҷики дигар маълум нест.