Имсол. Чанд рӯз пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон. Соат аз 22 ба 23 ҳаракат карда истода буд.
Дари хонаамонро касе мекӯбаду ман мекушоям. Мекушояму дар рӯбарӯи худ ҷавонмарди хушлибосеро мебинам, ки саросемавор саломам медиҳаду ишораам мекунад, ки аз назди дар канортар истам. Ман дарҳол канортар аз дар меистам.
Ӯ ба дохили хонаамон молу маҳсулоти озуқаворӣ, ки иборат буданд аз як халта картошка, як халта пиёз, панҷ литр равғани растанӣ, се-чор намуд мевагӣ, ки ҳар кадом аз ду килограммӣ зиёдтарак буданд (тахминан) ва се килограмм гӯшти гов (инаш ҳам тахминан!) дароварда, таъкид кард, ки аз номи раис ба мо овардаасту дарро худ пӯшиду рафт. Ман, ки аз ин амал дар ҳайрат будам даме карахт дар назди дар истодам.
Барои ҷобаҷогузории ин молу маҳсулот саросема нашудам, балки бо ҳадафи дақиқ намудани шахсияти он раиси сахӣ ба мизи кориам наздик шудаву ҳама шиносҳои ҳимматноку сахиямро сар карда аз устодон то шогирдону ҳамсоягонамон рӯйхат карда як-як аз ҳар кадомашон ёд мекардам.
Соат аз 23 чанд дақиқа гузашта буду ман ҳанӯз шахсияти он раиси сахиро дақиқ карда истода будам, ки дари хонаро боз кӯфтанд. Ин бор кушода бинам айнан ҳамон ҷавонмарде дар пешорӯям меистод, ки чанде пеш ин ҳама маҳсулоти хӯрданиро ба мо дастрас намуда буд.
Фақат баръакси дафъаи пешин, ин карат худро шиносонду гуфт, ки ронандаи таксӣ ҳасту ин бегоҳ кадом раисе аз бозор ин ҳама молу маҳсулоти хӯрокаро ба мошини ӯ “бор” намудаву бурда расонидани онҳоро ба хонааш ба ӯ бовар намудааст.
Бечора таксирон молу маҳсулоти озуқавории овардаашро, ки ҳанӯз дар ҳамон назди дар меистоданд дида шод шуду даст пеши бар гузошта узрпурсӣ намуду гуфт, ки суроғаро хато кардааст.
Сипас, мисли дафъаи аввала саросемавор он ҳама “зиндагӣ”-ро аз хонаамон бароварду бори дигар узр пурсиду рафт.
Рафту ман боз лол мондаму зери лаб бо садои паст, ки танҳо барои худам шунаво буд гуфтам: "Гап несту илтимоси зиёд, дигар инхел “пранк” накунед, ки мо он қадар дилу гурдаи устувор надорем"
Шодӣ МУРОДОВ,
сокини шаҳри Душанбе