Имрӯзҳо дар байни ҷавонон овозаи ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан паҳн шудааст, аммо ҳол дигар аст. Ҷавононе, ки ҳисси ватандустиву худшиносии миллиро доранд, ба ин овозаҳо дода нашуда, бо ҳоҳиши худ баҳри дифои марзу буми кишвар, ҳамчун фарзанди банангу номус ба хизмати Модар-Ватан мераванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳашт шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ҷамоати деҳоти Чоркуҳу Ворухи Исфара нақшаи даъвати наваскаронро ҳамагӣ дар як рӯз иҷро карданд.
Бояд гуфт, ки ин минтақаҳои ҳассоси Тоҷикистон унвон мешаванд, аммо мақомоти дахлдор мегӯянд, ки ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссириати ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан нақшаи даъват дар манотиқи номбурда ба таври суст амалӣ мешуд.
Дар маросими гусели наваскарони шаҳри Вахдат, ки 2-юми апрел баргузор шуд, раиси шаҳр Амиралӣ Раҳмонзода ва дигар масъулини сохторҳо иштирок карданд.
Дар ибтидо Раҳмоналӣ Амирзода бо наваскарон суҳбат карда, аз онҳо пурсид: “Кӣ хизмат рафтан намехоҳад? Яқ қадам пеш гузорад, аз ҳамин ҷо ба хонаш мефиристем!”. Аммо ин дам мавҷи кафӯкӯбии ҷавонон баланд шуд: “Мо мардем, ба хизмати Ватан меравем”. Зимни баромад Раҳмоналӣ Амирзода иброз дошт, ки имрӯз қисми зиёди ҷавононе, ки ба сафи Артиши миллӣ гусел мешаванд, курсҳои ронандагиро низ хондаанд. Зимнан, дар маросими тантанавӣ ба 126 нафар шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Раҳмон, сокини ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат омӯзгор аст. Ӯ панҷ сол пеш Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм намуда, оиладор ва соҳиби фарзанд мебошад. Номбурда мегӯяд, ки бо талош ва хоҳиши худ мехоҳад дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизматро адо намояд. Дар маросими гусели ӯ модару ҳамсар ва пайвандонаш ҳузур доштанд. Инчунин, нафароне, ки аз Русия баргашта буданд, дар ин рӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуданд.
Мақомоти дахлдори вилояти Бадахшон ва дигар шаҳру ноҳияҳо, ки даъвати баҳории наваскаронро муддати як рӯз иҷро карданд, мегӯянд, ки бо аҳолӣ вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод ба ҷавононе, ки хизмати ҳарбӣ мераванд, ба онҳо имтиёз додаанд. Яке аз онҳо ҳар ҷавоне, ки ба сафи Артиш шомил мешавад, аз навбати подабонӣ озод карда мешавад. Шояд вақти он расидааст, ки дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки дар иҷрои нақшаи давъвати ҷавонон азият мекашанд ва иҷро карда наметавонананд, аз таҷрибаи дигар шаҳру ноҳияҳои дар ин самт фаъол омӯзанд.