Arzon march 2024
Мӯҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус боз дароз карда шуд
296

 

 

Муҳлати ҳабси пешакии чаҳор нафар гумонбарони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Хол”-и Маскав аз ҷониби суди Басманний дубора ба муддати 3 моҳ дароз карда шуд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Мурофиаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус-Сити-Хол” санаи 19- ноябр ба таври пӯшида баргузор шуда, бо қарори суд Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун то 22-феврали соли 2025 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.
Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст. Бори сеюм аст, ки додгоҳи Басманнийи Маскав ҳукми чаҳор нафар гумонбари аслии ҳамла ба Крокусро тамдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД