arzon replenishment
Мизи мудаввар: Барои муҳоҷироони тоҷик Аврупо беҳтар ё кишварҳои арабӣ?
3777
Мизи мудаввар: Барои муҳоҷироони тоҷик Аврупо беҳтар ё кишварҳои арабӣ?


Имкониятҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия торафт маҳдуд мешавад. Магар вақти он нарасидааст, ки мо дар ҷустуҷӯи самтҳои нави муҳоҷират бошем?


Оё давлатҳои Аврупо муҳоҷирони тоҷикро қабул мекунанд?

Туркия аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва сармоягузории муҳоҷиронаш дар Ватан ободу зебо ва бой шуд, ин таҷрибаро кишвари мо метавонад истифода барад?

Қонунҳои муҳоҷират такмил мехоҳанд?

Агар вазорати муҳоҷират таъсис дода шавад...

Қисми дуюми сӯҳабти мизи мудаввар маҳз ба ҳамин мавзӯҳо бахшида шудааст. Дар барнома номзади илмҳои иқтисод, мудири шуъбаи муҳоҷирати аҳолии Институи демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Бобоев , Директори генералии ҶДММ “Асри нав” Суҳроб Тошев ва намояндаи хадамоти муҳоҷират Хуҷаназар Акбаров иштирок намуда, андешаҳои худро дар боби муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили қонунҳои муҳоҷиратии кишвар, ҷустуҷӯйи самтҳои нави муҳоҷират ва шеваи муносибат бо кишварҳои қабулкунанда баён намуда, ба бисёр масъалаҳои ҳалталаби муҳоҷират равшанӣ меандозанд ва ба муҳҷирон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД