Formula novemver 2024
Мӯъҷизаи табиӣ дар Ирландия
1011

Ин маҷмааи аҷиби табиӣ сирри воқеии табиат буда, 40 ҳазор сутуни сангии пайвастро дар бар мегирад.

Агар гузоратон ба шаҳраки Бушмилс биафтад, ки дар Ирландияи Шимолӣ ҷойгир аст, бояд ба соҳили Козвэй биравед, то як макони нодири табиӣ - Роҳи Азимҷуссаҳоро бубинед. Он ҳамагӣ 3 километр дуртар аз шаҳр воқеъ буда, ба трамплини сангин аз сутунҳои чандошёна монанд аст, ки аз доманаи кӯҳ оғоз ёфта, тадриҷан ба баҳр мешинад.

Сутунҳо ба ҳамдигар чунон наздиканд, ки гӯё ин кори дасти мавҷудоти соҳибақл аст, на табиат. Дӯстдорони асрори кашфношуда Роҳи Бузургҷуссаҳоро бо бутҳои ҷазираи Пасха ва пирамидаҳои Миср дар як саф мегузоранд.

Тааҷҷубовар нест, ки соли 1986 Роҳи Азимҷуссаҳо ва худи соҳил ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Он инчунин мамнуъгоҳи миллӣ дар Ирландияи Шимолӣ ба шумор меравад.

Як ривояти қадимии келтҳо вуҷуд дорад, ки гӯё замоне дар ин ҷойҳо бузургҷуссаҳо зиндагӣ мекардаанд. Рӯзе бузургҷуссае бо номи Финн Мак Кумал аз соҳили Ирландия тасмим мегирад бо душмани худ - бузургҷуссаи якчашма Голл, ки дар Шотландия зиндагӣ мекард, мубориза барад. Барои ин аз болои халиҷ шино кардан ва ё аз болои он кӯпрук сохтан лозим буд. Финн усули дуюмро интихоб мекунад ва дар давоми 7 рӯз шумораи зиёди чӯбҳои сангинро ба қаъри об мекашонад. Баъдан, бузургҷусса тасмим мегирад, ки истироҳат кунад. Вақте ӯ хоб аст, Голл аз соҳилҳои Шотландия ба “меҳмонӣ” меояд.

Ҳамсари паҳлавон Финн омадани “меҳмон”-ро сари вақт пай бурда, шавҳари хуфтаашро, гӯё кӯдакаш бошад, матоъпеч мекунад. Вақте бузургҷуссаи Шотландия мунтазири бозгашти рақибаш ба хона аст, ҳамсари Финн аз майдапораҳои деги оҳанин кулча мепазад ва ба ӯ пешкаш мекунад. Бузургҷусса кулчаро мегазад ва дандонҳояш мешикананд. Баъд ҳамсари Финн кулчаро ба «тифли» худ медиҳад, вале кулчаеро интихоб мекунад, ки оҳанпора надорад.

Бузургҷуссаи Шотландия кулча хӯрдани “тифл”-ро бо даҳшат тамошо мекунад. Метарсад ва ҳатто тасаввур мекунад, ки падари ин «кӯдак» чӣ гуна бошад? Аз ин рӯ, фавран ба хонаи худ гурехтаву вақти гурехтан кӯпрукро вайрон мекунад. Аз ҳамон ҷо Роҳи Бузургҷуссаҳо пайдо мешавад, ки ба ҳеҷ куҷо намебарад.

Олимон бошанд, назари худро доранд. Гумон меравад, ки Роҳи Бузургҷуссаҳо натиҷаи оташфишонии вулқон аст, ки тақрибан 50 ё 60 миллион сол пеш рух додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД