Солҳои 1990 буд. Ҷанги хонумонсӯз ба охир расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳар замон аз гӯшаю канорҳои гуногуни Ватани дар хун оғӯштаамон садои даҳшатангези тиру туфанг ба гӯш мерасид.
Ҳамарӯза ҷасади даҳҳо шаҳидони гулгункафанро аз майдонҳои набард меоварданд ва нолаҳои зори модарони ҷигарсӯхта синаи фалакро медарид. Сарвари давлат барои ба Ватан бар гардонидани гурезаҳо ҷони худро дар хатар монда ба Афғонистон сафар кард, то ғарибонро дубора ба марзу буми аҷдодӣ биёрад. Ана дар ҳамон замонаи бисёр ҳассос ман бори аввал мӯъҷизаи суруди Саидқул Билоловро дида будам.
Он солҳо донишҷӯ будам ва ҳамзамон дар шӯъбаи мусиқии телевизион ба сифати муҳаррир кор мекардам. Рӯзе моро бо телевизиони сайёр (ПТС) барои сабти барномаи идона ба ифтихори солгарди ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон ба Кохи Борбад фиристоданд. Брномаи консертии тантанавӣ сар шуд. Ҳунармандон яке пайи дигар ба саҳна баромада суруд мехонданд, вале аз чеҳраи нишастагон аён буд, ки ба дили аҳли толор на мусиқӣ мефорад, на таронаву рақс. Барнома қариб ба охир расида буд, ки Саидқул Билолов ба саҳна баромад. Оҳанги тарона ва садои ҳофиз он қадар пуртаъсир буд, ки дили касро аз сина меканд. Вақте ки Саидқул Билолов мисраҳои зеринро мехонд, селоби ашк рухсораҳои тамоми тамошобинони дар толор нишастаро тар кард.
Пардаҳои нағмаҳоямро бикан,
Бар барои бекафанҳоям кафан.
Эй ғарибони Ватан овардаам,
Пораеро аз Ватан дар ҳар сухан
Дар зал ягон тамошобине намонд, ки оби дидагонаш ба рухсораҳояш ҷорӣ нагашта бошад. Ашки чашмони ман ҳам, ки дар даруни мошини студияи сайёр нишаста, рафти барномаро ҳамчун муҳаррир тамошо мекардам, ҷорӣ гашт. Вақте дидам, ки тамоми толор ба эҳтироми ҳофиз аз ҷояшон бархоста бо Саидқул Билол ҳамовоз гаштанд аз коргардони маъруф Неъмат Халилов, ки режессёри барнома буд, хоҳиш кардам, ки сарояндаро не, бештар аҳли толорро ба навор бигирад, то таъсири таронаро ба тамошобин намоиш дода, дар дили ғарибон тухми меҳри Ватанро бикорем. «Зачем мне толпа?!» эътироз намуд Неъматака, ки вақти сабт бештар бо забони руси ҳарф мезад. Намедонам чи тавр аз ҷоям бархоста коргардонро ба сӯе тела додам ва бо чашмони селоби ашк дар сари пулт истода ба наворбардорон амр кардам: «Толорро ба навор бигиред, толорро! Шоҳасари барномаи имрӯза ҳамин суруд аст! Мо бояд ин таронаро барои ба Ватан бар гардонидани ғарибон истифода барем!»
Акнун аз чаҳор камераи дар зал буда, сетоашон тамошобинонро намоиш медоданду як камера сарояндаро ба навор мегирифт ва мо медидем, ки чи тавр тамоми толор ҳамроҳи Саидқул Билолов месарояд:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Тоҷикистон ҷону ҷонон,
Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,
Беҳтар аз ҷонону ҷонон…
Суруд ба охир расид ва мавҷи кафтубии бардавоми тамошобинон толорро ба ларза даровард. Гумон доштам, ки Неъматака барои чунин густохӣ маро сарзаниш мекунад, вале коргардон баръакс ба китфам тап-тап зада гуфт: «Я думал ты на журналиста учишся, оказивается и в режессуре хорошо разбираешся. Молодетс!»
Аз он айём беш аз 20 сол гузашта бошад ҳам, ҳар гоҳ Саидқул Билоловро бубинам, ҳамон лаҳзаҳо дар ангораҳои хаёлам дубора зинда мешаванд ва беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезананд.
Фируза редактор тсел, [20.01.2023 12:09]
Аз муҳовара
-Устод, чунин лаҳзаҳои ҳассос дар ҳаёти эҷодии шумо хеле зиёд рӯй додагистанд…?
-Бале, буданд. солҳои Шӯравӣ ман шеъри «Бачамой»-и Саидҷон Ҳакимзодаро ба оҳанг даровардаму онро ҳофизаи нотакрор Нигинабону Рауфова иҷро карданд. Муҳаррири ҳамонвақтаи шӯъбаи мусиқӣ Исматулло Раҳимов эрод гирифта гуфтааст: «Ҳамин ҳам суруд шуд, ки шумо хонед?!» Апаи Нигана аз ин рӯҳафтода шуданд. Аз байн чанд вақт гузашту моро ба ноҳияи Ленин «ҳозира Рӯдакӣ) даъват намуданд. Ҳуннармандони хонаи маданияти ноҳия намоишномаеро тайёр карда буданд, ки дар мавзӯӣ ҷанг буд. Ҳунарманди маҳбуб Қодир Равҳимов, ки бо лақаби «Қодир-ҷӯгӣ» машҳур аст, дар он намоишнома нақши хаткашонро бозӣ мекард. Баробари ба саҳна баромадани хаткашон, ки дар китфаш халтаю дар дасташ «хати сиёҳ» дошт, садои апаи Нигина баланд шуд:
Як ҷавони нозанин аз ҷанги Гирмон бар нагашт,
Як ҷаҳони орзую ишқу армон бар нагашт,
Ҷӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон бар нагашт,
То ҳанӯз ояд ба гӯши ман суруди бачамой, бачамой, бачамой…
Бо садо додани ин суруд аз чашмони ҳама ашк ҷорӣ шуд. Аз ҷумла худи ман ҳам гиристам.
-Сирри ин қадар пуртаъсир баромадани таронаҳоятон дар чист?
-Дар сухани воло. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки шеъри баланд, яъне сухани пурмазмунро интихоб намоям. Суруд ҳамон вақт ба шунаванда таъсир мекунад, ки дарди дили мардумро инъикос намояд. Суруде, ки ба дили халқ наздик аст, кӯҳнашавӣ надорад, аз насл ба насл гузашта ҷовидон мемонад.
-Шумо аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморе ҳастед, ки эҷодиётатон қариб пурра ба васфи Ватан бахшида шудааст, ҳатто аз сурудҳои ошиқонаатон бӯйи Ватан ба машом мерасад. Ин тақозои вазифа аст ё аз ягон сарчашмаи дигар маншаъ мегирад?
-Сарчашма албатта меҳри бепоёни Ватан аст, ки дар дили ман ҳамчун як фарди Ватандор ҷӯш мезанад. Ман аз тоҷик буданам, аз фарзанди Тоҷикистон буданам ифтихор дорам.
-Сурудҳои Шумо ҳазорон-ҳазор мухлисони савту наворо ба вақд меоранд. Шудааст, ки худи шуморо эҷоди касе ба ваҷд оварда бошад?
-Бале, соли 2010 «Найнома»-и шоири тавонои тоҷик, устод Бозор Собир дар қироати муаллиф аз радиои «Озодӣ» садо дод. «Найнома»-ро гӯш карда аз суханони нобаш лол гаштам. Бозор Собир бо дарду фиғони дил мехонд:
Бигзор маро на шашмақом мӯя кунад,
На шоири ғамкашида марсия кунад.
Кӯ тӯтаки кӯдакӣ, ки дар мотами ман,
Бо гиряи кӯдакии ман гиря кунад.
Ин пайки буғум-буғум чу ангушти ман аст,
ангушти буридаам дар мушти ман аст,
Бо номалаи най чаро нанолам ба фиғон,
К-ин хони ман ҳамеша дар пушти ман аст.
Пештар ман «Дилнома»-ро аз эҷодиёти устод Лоҳутӣ ба оҳанг дароварда будам, ки ду байташ чунин буд:
Дили ман аз фиғони ман рамидаст,
Зи дашти синаам берун давидаст.
Гарибам, нотавонам, тоқатам нест,
Бародарҳо, дили манро кӣ дидаст?
Лоҳутӣ дар «Дилнома» бо дилаш ҷанг мекард аз «Найнома»-и Бозор Собир бошад, бӯйи деҳа, бӯйи зодгоҳ, бӯйи бачагиҳои ҳар кадоми мо ба машом мерасид. Ба ққдрати сухани Бозор қоил шуда «Найнома»-ро ба оҳанг даровардам. Ин суруд ҳаводорони зиёд пайдо кард.
-Худи устод Бозор Собир ба ин тарона чи гуна баҳо доданд?
-Аввал «Дилнома»-и Лоҳутиро гӯш карда гуфтанд: «Дилнома»-ро ман чандин бор хонда будам, вале имрӯз ин сурудро шунида гумон кардам, ки ин мисраҳои пурдадро бори аввал мешунавам. Бори дигар ба қудрати сухани Лоҳутӣ қоил шудам!» Баҳои баланди устод ба ман ҷуръат бахшиду дар бораи ба оҳанг даровардани «Найнома» гуфтам. «Найнома»-ро гӯш карда устод бо овози баланд гиря карданд ва бо чашмони пур аз ашк ҳамроҳи ман замзама намуда, дар охир гуфтанд: «Тоҷикистон ду ҳофиз дорад, Нигина Рауповаю Саидқул Билолов!»
-Устод, ҳафтаи гузашта шумо ҷашни зодрӯз доштед. Андаке дер бошад ҳам, Шуморо бо ҷашни милодатон муборакбод мегӯем. Таманнои онро до рем, ки ҳамеша Ҳофизи №1-и Тоҷикистон бимонед ва ифтихори ин диёру ҳамдиёрон бошед!
Фирӯза Сатторӣ