- Оилаи ман ҳам пош хӯрд. Мо ҳам соҳиби фарзанд шуда натавонистем. Рости гап, бо завҷаам он қадар...
- Мутаассифам, хеле мутаассифам. Ақаллан шумо хушбахт мешудед...
- Симин, шояд ин бозиҳои тақдир бошад?
- Мақсад?
- Яъне, ман бева, ту бева, ба қавле ду дарахти бемева. Чӣ мешуд, ки муносибатҳоямонро аз нав бар роҳ монем? Аз нав чун пештара ошиқи ҳамдигар шуда, оилаи нав бунёд кунем.
- Сарвар, ман ба ин чиз ҳоло омода нестам. Дигар ин ки, ихтиёр дар дасти ман нест. Ман ҳарчанд бузургсол шуда бошам ҳам, ин гуна масъалаҳоро волидонам ҳал мекунанд. Сарвар, бахшиш, боз ягон вақти дигар меоям.
- Симин, ист! Ақаллан рақамҳои телефонатро гузор. Шояд ба як қарор меоем. Охир, мо дигар кӯдак нестем ку!
- Хуб. Ана ин рақамҳоям. Дар ҳамин номер телеграм ҳам дорам. Паёматонро мунтазир мемонам.
Сарвар пас аз ду рӯз аз кор баромаду ба хонааш рафт. Камтар дар хона нишасту телефонашро гирифта рақамҳои додаи Симинро ба телефон чид ва ба саҳифаи телеграми Симин навишт:
- Салом Симон, рӯзат ба хайр бошад. Умедворам, ки хубу саломатӣ?!
- Соатҳо гузашту аз он тараф паёме наомад. Ҳарчанд саҳифаи Симин фаъол буд, вале посухе надод. Сарвар дубора ба телеграм аз як китоб шеъреро гирифта навишт.
Хатамро хондию биншастӣ хомӯш,
Дигар ҳоҷат набошад бар саволе.
Аҷаб не кардаӣ кайҳо фаромӯш,
Маро чун нуқтаи хобу хаёле.
Парешаб ман аз он роҳе, ки ҳарду
Ҳамерафтем як вақте гузаштам?
Ба зери он дарахту он лаби ҷӯ
Туро бар ёд оварда нишастам.
Ба ёдат ҳаст оё як шаб ин ҷо,
Чиҳо гуфтем мо ҳарду нишаста.
Ба рӯям мезадӣ ҳар гоҳ ҷоно,
Ба шӯхӣ шохи райҳонро шикаста.
Аминҷон Шукӯҳӣ гӯё ин мисраъҳоро барои ману ту гуфта бошанд,- илова карда навишт Сарвар.
Симин як рамзи хандаро равон карду сипас навишт:
- Салом Сарвар. Рӯзу рӯзгори шумо ҳам ба хайр бошад. Шеъри олиҷаноб. Гӯё барои ҳамин рӯз гуфта шуда бошад.
- Симин, суханони маро фикр карда баромадед? Хоҳед нахоҳед, шуморо ба шавҳар медиҳанд. Ман ҳам зан гирифтанӣ. Биёед ҳамаашро аз нав оғоз кунем.
- Сарвар, ман ба модарам пешниҳоди шуморо гуфтам.
- Хуш. Он кас чӣ гуфтанд?
- Гуфтанд, ки агар худат розӣ бошӣ, ману падарат зид не.
- Умедворам, ки шумо розиед.
- Бале, ман розиям. Фақат як шартам ҳаст.
- Чӣ шарт?
- Ман намедонам, ки модар шуда метавонам ё на. Агар шумо ҳам маро нозой гуфта таҳқир карда аз хона ронданӣ бошед, хубаш ақди никоҳ набандем.
- Ин тавр намешавад Симин. Агар мо фарзанддор шуда натавонем, аз хонаи кӯдакон фарзанд мегирем. Чунки ман ҳам намедонам, ки падар шуда метавонам ё не.
- Хуб. Суҳбат боқӣ, ҳоло вомехӯрем. Ин масъаларо аз наздик бафурҷа нишаста маслиҳат мекунем.
Сарвар ба Симин хостгорҳояшро фиристод. Онҳо аз нав оила бунёд карданд. Ошиқони ҳашт сол пешина аз нав ба висоли ҳам расиданд. Ҳоло чиллаашон набаромада буду "навгонӣ"-е аз худ дарак дод. Маълум гашт, ки Симин ҳомила шудааст. Ҳол он ки Симинро духтурон эҳтимоли модар шуданаш кам гуфта буданд. Ҳоло онҳо хушбахтона дар фазои муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекарданд.
Симин худ ба худ андешида, гуфт: “Инро муъҷизаи ишқ ё бозии сахти тақдир мегӯянд. Илоҳо ягон оила пош нахӯрад. Ҳама ошиқон ба висоли ҳам расанд”.
АРДАШЕР