formula feb 2025
Мӯъҷизаи ишқ (ҚИСМИ 2)
14.02.2025
АРДАШЕР
1421

- Холаҷон, ҳама ошиқон ҳам хушбахт намешаванд-ку. Ё кадом ошиқро дидед, ки ба васли ҳам расид? Ё ману писаратон як бор ҳам якдигарро надидаем. Мана, шукри Худо, бо роҳбариву роҳнамоии шумо хушбахтона зиндагӣ карда гаштаем. - Э келин, инҳо ҷавонони насли наванд. Вай замоне, ки Лайлӣ ба висоли Маҷнун намерасид, гузашт. Ҳозир ҳама якдигарро дида, санҷида, дӯст дошта оила бунёд мекунанд. - Рост гуфтед, холаҷон. Оилае, ки асосу бунёдашро муҳаббат ташкил медиҳад, мустаҳкам мешавад. - Ҳамон ишқу муҳаббат дар баъзе оилаҳо аз рӯзи нахуст пайдо мешавад. Баъзе оилаҳо тухми муҳаббатро кошта, дар давоми зиндагӣ онро ба як чинори бузурги муҳаббат табдил медиҳанд,- сухани келинашро тасдиқ намуд холаи Ҳурматой. - Холаҷон, ранги писарамро дидед чихел заб-зард шуда монд. Гӯё ношукуфта хазон зада бошад. - О оилааш пош хӯрду! Ранги вай зард нашуда ранги ман зард шавад? - Ҳа. Худро ба даст гирифтани набераатон сахт мушкил шуд. - Агар дар ин байн соҳиби фарзанд мешуданд, бовар доштам, ки оилаашон пош намехӯрд. - Ҳамин тавр. Афсӯс, ки дар пешонии тангам дидани чунин рӯзҳо ҳам будааст. Фикр мекунам аз аввал ситораи ҳар ду ба ҳамдигар рост наомад. Ё ба тӯйи дабдабанокамон назар ғалтидмӣ-а, холаҷон? - Э намедонаме, келин. Биё ҳамаи ин афсӯсу надомату пушаймониро мону ояндаро фикр кун. Акнун чӣ кор карданиӣ? Писарат ҳоло ҷавон, охир аз дунё бева шуда намегузарад ку! Дирӯз шунидам, ки келинатро ба шавҳар додаанд, алакай ҳомила шудааст. Бо писарат ду сол истода ҳомила нашуду дар як моҳ... - Э, не. Наход алакай ба шавҳар дода бошанд? - Ҳа, медиҳанд-дия, дар тахмони хонааш зебу зиннат карда намемонад ку! - Хайр ман ҳам аз пайи келинкобӣ шавам. - Не. Ин карат ба зиммаи худи писарат гузор. Агар ҳоло барои оиладорӣ омода набошад, боке нест. Кайки тайёр шуд, баъд мегирад. - Хуб холаҷон, шумо чизе гӯед. Сарвар чун ҳаррӯза ба бозор баромада, машғули фурӯшандагӣ буд. Ӯ борҳои нави овардаашро ҷобаҷо карда, чангҳои бори кӯҳнаашро тоза мекард, ки ногоҳ муштарие аз дар даромад. - Ассалому алайкум. Бахшиш, ин атратон чанд пул?,- пурсид келинчак. - Сарвар сарашро бардошта, "кадомаш?" гуфту харидорро дидан замон гӯё аз сараш як сатил об рехта бошанд, шах шуда монд. - Симин? - Сарвар! Гумон надоштам, ки шуморо дар ин ҷо мебинам. - Ман ҳам. Ин чӣ тасодуфе буд. Худат хуб ҳастӣ? - Шукр, раҳмат. Ин мағоза аз шумо? - Бале, бале. Ҳа, гуфтагӣ барин, оиладор шуда будӣ, фарзандон чандто шуданд? - Эҳ Сарвар, шумо напурседу ман нагӯям. - Барои чӣ? - Барои он ки ман аз шавҳарам ҷудо шудам. Аниқтараш, маро нозой гуфта аз хона ронданд. - Э ба тӯят чанд сол шуд? - Ҳафт сол. - Дар ҳафт сол ягон навгонӣ нашуд? - Афсӯс, ки не. Намедонам айби ман буд ё шавҳарам. Ё айби пешонии шӯрам, ки дар ҳафт соли оиладорӣ соҳиби фарзанд нашудем. Шавҳарам, хусурам, хушдоманам инсони хуб буданд, аммо хоҳаршӯйҳоям додарам бе насл нагузарад гуфта, маро аз хона ронданд. Мана қариб ду сол мешавад ки ... Хайр монед, аз худатон гап занед. Шумо соҳиби чанд фарзанд шудед? - Симин, шояд боварнокарданист, аммо ҳолати ба сари ту омада ба сари ман ҳам афтодааст. - Чӣ хел? Яъне чӣ гуфтанӣ шумо? (Давом дорад) АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД