Lmarka 2025 vistavka
Мирзо Олимӣ: Дар ҷанги афғон ҷасадҳои пора-пораи дӯстонамро бо дасти худ ҷамъ кардам
331

Ҳанӯз азобу ранҷҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ёд нарафта, дар Афғонистон ҷанг оғоз шуд. Дар натиҷа соли 1979 Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон гардид. Мувофиқи сарчашмаҳо дар ин ҷанг 15 ҳазор мардони далеру шуҷоъ ва ғаюру нотарси тоҷик мардонавор ҷангида, 366 нафар фидокорона фавтиданд.

Хабарнигори сомонаи Oila.tj дар арафаи Иди Ғалаба ба аёдати ветерани афғон, ҷанговари байналмилал ва муҳофизи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Олимӣ рафт, то аз кору фаъолияти ӯ қисса кунад.

Шарқшиносе, ки полковник шуд

Мирзо Олимӣ 14-уми майи соли 1957 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ҳамон вақт ДДТ ба номи В.И.Ленин) дохил мешавад. Соли 1978, замоне, ки дар курси чор таҳсил мекард, ӯро ба Раёсати роҳсозии шаҳри Шибирғон-Майманаи Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон мефиристанд.

"Дар Афғонистон дувуним сол фаъолият кардам, сипас, соли 1981 аз нав ба донишгоҳ омада онро бо дипломи сурх хатм кардам. Ҳамон сол маро ба шӯъбаи фалсафаи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карданд. Дере нагузашта маро ба комитети бехатарии давлатӣ ба кор даъват карданд. Моҳи ноябри соли 1982 бошад ба Афғонистон фиристоданд. Се сол ҳамчун корманди оперативӣ дар Афғонистон фаъолият кардам",-нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Мирзо Олимӣ соли 1985 аз Афғонистон бармегардад ва то соли 1997 дар системаи бехатарии давлатӣ дар вазифаҳои гуногуни оперативӣ ва роҳбарӣ фаъолият мекунад. Аз соли 1997 то ба имрӯз вазифаи ҷамъиятии Раиси Шӯрои Иттифоқи собиқадорони Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро ба ӯҳда дорад. Рутбаи низомиаш полковник буда, онро соли 1997 барои заҳматҳояш пеш аз мӯҳлат додаанд.

"Ҳар лаҳза марг таҳдид мекард"

Мирзо Олимӣ соли 1982 ҳамчун корманди оперативӣ ба Афғонистон рафтааст. Назар ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, он замон дар Афғонистон ҷангу бетартибӣ оғоз шуда буд. Дар ин ҷанг аскарони зиёди Шӯравӣ қаҳрамонона ба ҳалокат расиданд.

"Ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Ман ду маротиба аз чанголи марг раҳо ёфтам. Бори аввал ҳангоми аз Давлатобод ба Шибирғон рафтан ба мо занг заданд, ки шуморо дар роҳ муҳосира мекунанд, вале мо то омадани душманон тавонистем аз Давлатобод ба Шибирғон равем. Дар давраи ҷанг ҷасадҳои порагаштаву ба хун оғуштаи одамони зиёдеро дидам, ҳатто ҷасади порашудаи якчанд дӯстонамро ҷамъ овардам. Ростӣ, баробари ба ёд овардан дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад,"-гуфт қаҳрамони мо.

Мирзо Олимӣ дар якчанд амалиётҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ иштирок кардааст. Ӯ соли 1992 дар давраи нооромиҳо роҳбарии муҳофизони президент Раҳмон Набиевро ба зимма дошт. Мавсуф ҳамзамон дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ иштирок кардааст.

Директори маҷмааи таърихии Қалъаи Муғ

Мирзо Олимӣ аз соли 1998 то 2001 дар системаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2001 то 2021 дар ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл"фаъолият бурдааст. Аз соли 2021 то имрӯз роҳбарии маҷмааи таърихии Қалъаи Муғро ба зимма дорад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатамон дар замони роҳбарияш чор маротиба бо сардории муаррихони варзидаи ҷумҳурӣ кофтукови археологӣ гузаронида шудааст.

"Дар маҷмааи таърихии Қалъаи Муғ бо роҳбарии муаррихон чор маротиба кофтукови археологӣ гузаронидем. Дар натиҷаи кофтуков аз Қалъаи Муғ соли 2021 ду қубури обпарто соли 2022 роҳи зеризаминӣ, 2023 шаҳри қадима ва 2024 девори асри 7 ва асбобу олотҳои қадима пайдо шуд. Археолог Тӯрахон Хуҷакелдиев ба хулосае омаданд, ки дар шаҳри Истаравшан 6-7 ҳазор сол пеш одамон зиндагӣ мекарданд. Муаррих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ низ дар натиҷаи кофтукови археологӣ аз Қалъаи муғ ду табар пайдо карда дар китобашон қайд мекунанд, ки дар Истаравшан 6-7 ҳазор сол пеш сокиншавӣ будааст,"- нақл кард Мирзо Олимӣ.

Дар Қалъаи таърихии Муғ имрӯзҳо, барои ҳунармандон растаҳои ҳунармандӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон дар ин ҷо амфитеатр барои 5100 нафар, осорхонаи Саидумари Султон, утоқи телевизиони "Истаравшан HD", утоқи архиви шаҳр мавҷуд аст.

Ҳамарӯза сайёҳони дохиливу хориҷӣ ин мавзеи таърихиро тамошо мекунанд. Дар ин баробар навхонадорон барои хотира дар ин макони зебо акс мегиранд. Ба гуфти ҳамсӯҳбатамон барои боз ҳам зебову сабзпӯш кардани гирду атрофи қалъа 1300 дарахти арча шинонда шудааст.

12 медал барои хизматҳои шоиста

Мирзо Олимӣ барои хизматҳои шоиставу шоёнаш бо медалҳои "Барои шуҷоат", "Барои хизматҳои ҷангӣ", "Аз халқи қадршиноси Афғонистон", медали "Хизмати шоиста", "80-солагии Иди Ғалаба", Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва даҳҳо медалҳои дигар қадрдонӣ шудааст.

"Тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бузургтарин ва беҳтарин неъмат аст. Ана ҳамин неъмати бузург имрӯзҳо насиби мо мардуми точик гардидааст. Мо имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои боз ҳам рушд ва пешрафт намудани кишвари азизамон Точикистон якдилона кӯшиш мекунем. Ҳамзамон, ин неъмати бузургро, ки бо баҳои андак ба даст наомадааст, чун гавҳараки чашмонамон ҳифз менамоем,"-таъкид дошт қаҳрамони мо.

Мирзо Олимӣ шеър ҳам эҷод мекунад, шеърҳояш бештар дар васфи Ватан, модар, сулҳ, дӯстӣ ва ғайра навишта шудаанд. Аксарияти эҷодиёташ дар рӯзномаи "Паёми Истаравшан" ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи китоби "Рози дил" мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД