Мо хоҳарони маъюб дар зиндагӣ азоби зиёд кашидем, вале дар хонадонамон аз соати омадани келинамон, зани ягона бародарам, гӯё муҳаббату нур даромад.
Азбаски маъюбият моро дастнигар кардааст, аз дидани чунин духтари худотарсу хушахлоқ, арӯсаки меҳрубон чунон хурсанд шудем, ки ба сухан иброз кардан душвор аст. Янгаҷони мо чӣ қадар меҳрубону ширинзабон аст. Барои мо маъюбон он қадар меҳрубонӣ нисор мекунад, ки беҳисоб аст. Дар намозҳоямон барои янгаи меҳрубонам дуо мекардем, ки ба пойи ӯ хоре нахалад.
Вақте ки апаи маъюбам қасди худкушӣ кард, ӯро янгаам бо сухани ширин аз роҳ боздошт. Барои мо хоҳарони бе модарем, ӯ модар гаштааст. Мутаассифона, ду моҳ аст, ки янгаҷонам ба бемории бедавои саратони меъда гирифтор шуда, ҳамаи моро ғамгин сохтааст.
Илтимос, дар ҳаққи янгаи ман дуо кунед, ки зудтар шифо ёбад, вагарна мо бесоҳиб мемонем.
Бо эҳтиром: Сарвиноз