sebiston july new
Миллиардерзани мумсик
1572

Хасисии модар фарзандашро аз як пой маҳрум кард

3-юми июли соли 1916 сол хасистарин зани курраи замин чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Ин зан Генриетта Хоулэнд Гетти Грин, буд, ки ҳамагон ӯро “Аҷуза аз Уолл-стрит” меномиданд.

Генриетта Хоулэнд аз сактаи дил дар синни 81 солагӣ фавтидааст. Номи ӯ дар Китоби рекордҳои Гинес ҳамчун “Хасистарин инсони курраи замин” сабт гаштааст. Ҳангоми маргаш Гетти сарватмантарин зани олам ба шумор рафта, дороияш 4 млрд долларро ташкил медод. Ин зан зиёда аз 8 ҳазор қитъаи замин дошт ва бар замми ин, саҳмияи ширкатҳоеро, ки ба роҳҳои оҳан талуқ доштанд, харидорӣ мекард. Генриетта соли 1834 дар як хонаводаи сарватманд ба дунё омадааст. Манбаи асосии даромади оилаи Хоулендҳо равғани наҳанг буд...

Бобо чигуна, набера намуна

Тарбияи Генриетта аз кӯдакӣ пуррагӣ ба зиммаи бобояш-Гидеон Хоуленд гузошта шуда буд. Гидеон мутаалиқ ба гурӯҳи протестантҳои динии квакерон буд, ки дар он замон дар Англяи Нав маъмул буд. Номи «квакер» аз калимаи англисии quake гирифта шуда, маънои ба ҳаяҷон омадан, ларзиданро дорад. Яке аз махсусиятҳои асосии зиндагии квакерҳо ин худдорӣ аз ғурур дар либос ва хӯрок аст. Вақте, ки чашмони Гидеони куҳансол камнур гаштанд, Геттии хурдакак дар сари зонуи бобои меҳрубонаш нишаста бо шавқ хабарҳои иқисодиро аз рӯзномаҳои нав бо садои баланд мехонд. Ӯ аллакай дар ҳамин синну сол фарқи байни вомбаргҳо ва захираҳоро ба хубӣ дарк мекард. Генриетта дар 13-солагӣ муҳосиби оилавӣ шуд. Дар бораи нисбат ба пулу мол эҳтиёткорона муомила кардани вай, ки бо мурури замон ба хасисии беш аз ҳад табдил ёфт, ривоятҳои зиёде паҳн шудаанд...

Бойдухтаре, ки танҳо 1 курта дошт

Аслан, Генриетта духтари безеб набуд, вале хостгоронро ҳамеша бо як куртаи куҳнаи ғиҷимшуда ва бенур гаштани ин бойдухтар мегурезонд. Пас марги модараш Гетти аз ҷамъомаду меҳмониҳои бошукуҳ, ки тез-тез дар хонаашон ороста мешуданд, ба пуррагӣ баромад. Замони зинда будани модараш низ ин духтари “сарфакор” ҳанӯз меҳмонҳо нарафта, тамоми салфеткаҳоро ҷамъ намуда, дарзмол мекард, то ки хизматгорон напартоянд ва шамъҳои гаронбаҳоро хомӯш карда, рӯзи дигар он шамъҳои нимсӯхтаро ба фурӯш мегузошт...

Арӯси хасис

Пас аз марги падараш соли 1865 Генриетта соҳиби мероси калон гашт, ки баробар ба 7,5 миллион доллар буд. Дар ҳамон шабу рӯзҳо вай бо шавҳари ояндааш Эдвард Грин шинос шуд. Амаки Эдвард мири шаҳри Бостон, худаш бошад, донандаи чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла забони хитоӣ буд. Ин ҷавони дунёдида18 сол дар Филипин зиндагӣ карда, аз фурӯши шоҳӣ, чой ва тамоку сарвати зиёде ба даст оварда буд, вале Генриетта метарсид, ки ягон рӯз ошиқаш ба дороии ӯ чашм ало накунад. Пас аз ду соли мулоқотҳои ошиқона Генретта барои ҳамсари Эдвард шудан розигӣ дод. Ақди никоҳи онҳо дар асоси шартномаи ақди никоҳ баста шуд, ки мувофиқи он Эдвард ҳаққи ба ягон сент пули занаш соҳиб шуданро надошт. Оила оилаву пул пул!

Пул надорӣ, гум шав!

Дар Уолл-стрит ҳама Гетти Гринро мешинохтанд, зеро ин зан соҳиби заминҳои калон ва моликияти зиёд буда, дар хариду фурӯш дар биржа ҳамто надошт. Брокерон хуб медонистанд, ки агар Гетти Грин вомбаргҳои ягон ширкатро харидорӣ намояд, ҳатман пагоҳ нархи ин қоғазҳо дар бозор даҳчанд меафзояд. Гетти пеш аз харидорӣ намудани саҳмияҳо дар бораи он ширкат то андозае маълумот ҷамъ меовард, ки шояд ҳатто худи молики он корхона ин қадар маълумот надошт. Генриетта бо вуҷуди ҳамин қадар дороӣ то андозае сахту мумсик буд, ки вақте шавҳараш муфлис шуда дар ботлоқи қарз дармонд, заррае ба ӯ кӯмак накарда, баръакс Эдвардро аз дар ронд.

Миллиардерзани бе хона

Генриетта аз Эдвард ду фарзанд дошт: Нэд ва Сильвия. Кӯдаконаш аз хасисии модар сахт азият мекашиданд, зеро миллиардҳо доллар пул дошта бошад ҳам, Генриетта ҳатто як хона намехарид, ки бачаҳояш бе малол зиндагӣ кунанд. Вай бо ду фарзанд дар ба дар мегашт ва аксар вақт дар меҳмонхонаҳои аз ҳама арзон зиндагӣ карда, аз ҳисоби хӯрока ва доруворӣ сарфакорӣ мекард. Ин зан ҳеҷ вақт барои либос ва пойафзоли худу фарзандонаш пул сарф намекард. Либосҳои тагпӯши худро ин зан танҳо баъди дар танаш дарида, ғиҷим-ғиҷим шудан иваз мекард. Генриетта Хоулэнд дар умраш ягон бор аз хизматрасонии хонарӯбҳо ва либосшӯқҳо истифода набурдааст. Вай фарзандонашро маҷбур мекард, ки либосҳояшонро худашон шӯянд, хӯрокашонро худашон пухта хӯранд ва дегу табақро тоза шуста, ҷо ба ҷо кунанд. Генриетта рӯзномаҳоро баъди хондан ба писараш дода мефармуд, ки бурда фурӯшад ва дар мағозаҳо барои як сент бо харидорон соатҳо баҳсу ҷанҷол мекард. Тамоми фурӯшандаҳо ин занро мешинохтанд ва барои хасисиаш ӯро бад дида “Аҷуза аз Уолл-стрит” лақаб гузошта буданд.

Модари бе раҳм

Хасисии Генриетта боиси он гашт, ки писараш Нэд аз як пой маҳрум шавад. Дар яке аз зимистонҳои сард ба Нэд лижа тӯҳфа намуданд ва ин писараки кайҳо боз чунин ҳадяро интизор аз хурсандӣ дар куртааш нағунҷида дарҳол ба лижаронӣ сар кард. Вай ба баландии хавфноке баромада хост бо лижа аз қулла фарояд, вале аз бо сабаби бетаҷрибагӣ афтида, пояш сахт захмӣ шуд. Модари хасисаш Нэдро ба беморхонае, ки барои кӯдакони ятим ва бе касу кӯй бурда, хост бе пул табобат намояд, вале табибон аз расонидани ёрии тиббии ройгон ба кӯдак саркашӣ намуданд, зеро хуб медонистанд, ки Генриетта Хоулэнд натанҳо сарватманд, балки миллиардер аст. Оби чашм ва нолаҳои зори фарзандаш низ натавонист дар дили ин модари бераҳмро нарм созад ва Генриетта писарашро ба хона овард, то ки бо усулҳои бобоӣ табобат кунад. Дар натиҷаи захм фасон гирифта, устухони пойи писарак чирку зардоби бисёр пӯсида, табибон пойи Нэдро аз зону боло буриданд.

Девонаавзоъ

Геттиро дар овони пиронсолӣ ҳамеша тарси оне, ки мабодо касе ӯро заҳролуд карда накушад, ором намегузошт. Ӯ ба касе бовар намекард ва агар ба хони ягон шиносаш ба меҳмонӣ даъват шавад, ҳатман хӯрок ва оби нӯшокиашро бо худ мебурд. Вай барои бо худ гардонидани яроқ иҷозатнома гирифта, ҳамеша бо пистолет мегашт. Чанд бор ба ӯ пешниҳод карданд, ки пойҳои дардмандашро ин қадар азоб надода, ягон мошин харад, вале Генриетта “Ҳазрати Исо барои бо хар мегашт” гӯён, то лаҳзаҳои охирини умраш пойи пиёда мегашт.

Як бому ду ҳаво

Генриетта Хоулэнд Грин дар синни 81-солагӣ аз сактаи дил аз олам гузашту ду фарзандаш ҳама сарвати ӯро, ки ба 4 миллиард доллар баробар буд, соҳиб шуданд. Нэд Грин баъдан бо тахалуси “Бобои Нэд” ном баровард, зеро ӯ тамоми дороии ба мерос гирифтаашро ба зиндагии шоҳонаву бе камбудӣ сарф кард. Эҳтимол бо ҳамин роҳ вай орзуҳои кӯдакии хешро баровардан мехост. Нэд Грин ба истеҳсоли мошинҳо сару кор гирифт . Дар авлоди Хоулэндҳо Нэд Грин аввалин касе буд, ки соҳиби мошин гашт. Духтари Генриетта Силвия бошад, баръакси модари хасисаш хонуми хайрхоҳу дасткушоде шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД