Ҳенриетта Ҳоулэнд (1834-1916), соҳибкори амрикоӣ ҳамчун миллиардерзани хасистарин дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шудааст.
Ӯ чунон хасис буд, ки ҳатто сачоқчаҳои қоғазии истифодашударо намепартофт, барои либосу пойафзол маблағ сарф намекард ва аз хизматрасонии ҷомашӯйҳо истифода намебурд.
Бо вуҷуди хасисиаш, Ҳенриетта 82 сол умр дида, на аз гуруснагӣ, балки аз сактаи қалб фавтидааст. Ӯ баъди маргаш ба ду писараш тақрибан 4 миллиард доллар мерос гузоштааст.