Милитсия: Марди дар навор сабтшуда барои гирифтани фарзандаш омадааст
Дар рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки гӯё марде дар назди яке аз муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, духтарони ноболиғи ин муассисаро таъқиб мекардааст.
Тавре аз натиҷаи санҷиши кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муайян гардидааст, шахси дар навор инъикосёфта Нормуродов Хисрав, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Номбурда ба муассисаи таълимии мазкур барои гирифтани фарзандаш, ки дар он ҷо таҳсил мекунад, рафтааст.
Ба иттилои мақомоти милитсия, дар ҳаракатҳои ин шаҳрванд таркиби ҷиноят муайян нагардидааст. Бо вуҷуди ин, бо ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.
Ҳамзамон, мақомоти милитсия аз шаҳрвандон даъват менамоянд, ки аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ худдорӣ намуда, пеш аз интишори ҳар гуна хабар дурустии онро санҷанд ва ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накунанд.