Норасоии нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҳамоно мушкили асосии мардум боқӣ мемонад. Таи чанд моҳи охир шикояти шаҳрвандон атрофи кам шудани микроавтобусҳо дар хатсайрҳои 25, 8, 2, 19 зиёд шудааст. Ҳавои гарм ва зиёд будани мусофирон дар дохили микроавтобусҳо тарафи дигари масъала аст.
Таҳмина Азизова, ки ҳамарӯза аз нақлиёти байни шаҳрӣ истифода мебарад, дар сӯҳбат бо мо шикятмез гуфт, ки қариб ду моҳ боз кам шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайри 25 ва 8 мушоҳида мешавад. “Се- чор моҳ пеш ҳар вақте аз хона бароям, сари вақт микроавтобус меомад ва бе ягн мушкилӣ ба ҷои лозимӣ рафта мерасидам, вале вақтҳои охир нақлиётро хеле интизор шудан лозим меояд. Микроавтобусҳо бар замми дер-дер омаданашон боз хеле серодам ҳастанд. Дар ин ҳавои гарми тоқатфарсо, бӯйи нофорами бдани баъзе мусофирон таъби касро хира месозад.
Ба ронандагон бигӯӣ, ки ҳой бародар, охир ҷой нест, камтар одами бигир, дағалӣ карда мегӯянд, ки “нафорат ба такси рав!” Маҷбурем, ки маршрутка пури одам бошад ҳам, савор шавем, чунки шумораи микроавтобус хеле кам шудааст” -мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Кам шудани микроавтобусҳои байни шаҳриро чанде аз мусофирони дигар низ тасдиқ карда, гуфтанд дар ҳавои гарм ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст.
Мансур Раҳмонов, сардори шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи “МДК “Душанбенақлиётхадамотсарон” дар сӯҳбат бо мо ин мавзӯъро чунин шарҳ дод:
-Ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар самти роҳу нақлёт ва пешгирӣ кардани тамбашавии роҳҳо аз мошинҳо тамоми чораҳо андешида шудааст. Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар хатсайрҳои микроавтобусҳои рақами 2, 19, 25, 55а, ки ба хатсайри 33 иваз карда шудааст, баъзе тағйиротҳо роҳандозӣ карда шуда, дар хатсайрҳои зикршуда, дар як баст 30 адад микроавтобус ва 10 адад автобус фаъолият мекунанд. Ин шумораи микроавтобусҳо аз соати 6-и субҳ то соати 13:00 ба мардум хизмат мерасонанд.
Ҳамин миқдор микроавтобусҳо дар басти дуюм аз соати 13:00 то 22:00 фаълият намуда ба мусофирон хизмат мерасонанд. Чанд рӯзи ахир шумораи автобусҳоро дар ду баст ба 12 адад расонидем, чунки баъд аз як омӯзиш муайян карда шуд, ки шумораи мусофирон дар шаҳр зиёд шуда истодааст. Тибқи талаботи ҷойдошта, хатсайри 25 ҳуқуқ надорад, ки 60 адад микроавтобусаш фаъолият намояд, аз ҳамин хоир нақлиётро ба ду баст тақсим кардем. Акнун микроавтобусҳо дар соатҳои муайяншуда фаъолият мекунанд.
Вобаста ба шикояти Таҳмина Азизова, ки нақлиёт дар хатсайри 8 кам шудааст, номбурда қайд кард, ки дар ин самт ягон тағйирот ворид карда нашудаст ва онҳо дар доираи талаботи қонун фаъолият карда истодаанд.
Мансур Раҳмонов таъкид намуд, ки сомонаи шахсии муассиса ва телефонҳои боварӣ фаъол ҳастанд ва мо омадаем, ки тамоми арзу шикояти мусофиронро гӯш карда, аз паи ислоҳи камбудиҳо шавем.