Arzon march 2024
Миҷгона аз Ҷоми Ҷаҳонии бокс  бо медали тилло баргашт
975

 

Яке аз духтарони қаҳрамони тоҷик Миҷгона Самадова дар муштзанӣ беҳамто будани худро бори дигар собит намуда, аз як мусобиқаи бонуфузи варзишӣ аз Русия бо медали тилло ба Ватан баргашт...

Аз санаи 7-ум то 11-уми декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов мусобиқаи муштзанӣ баргузор гашт, ки дар он тоҷикдухтари шуҷоъ Миҷгона Самадова ғолиб омад. Ин муштзани тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Мунгунсаран Балсани муғулро шикаст дод.

Дар ҷоми ҷаҳонии бокс 139 варзишгар аз 16 кишвар ширкат доштанд. Аз ин миён 105 мардон 34 нафар занони муштзан буданд.

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило миёни занон ва мардони аз 19 то 40 сола қувваозмоӣ намуд.

Ба ғайр аз Миҷгона Самадова ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин Шоира Зулқайнарова, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов, Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев ва Сулаймон Нодиров шомил буданд, аммо аз байни ин варзишгарон танҳо Миҷгона тавонист соҳиби медали тилло шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова моҳи майи соли равон дар шаҳри Дубайи АМА дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё сазорвори медалҳои биринҷӣ гашта буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД