Formula novemver 2024
Меҳрона дар ишқи Комрон обу адо шуду…
1803

 

Меҳрона ном дораму ҳамагӣ 18 солаам. 5 моҳ мешавад, ки бо ҷавоне тариқи телефон гап мезанем. Ҳамдигарро сахт дӯст доштаем. Ошиқам бачаи хушсухану намозхон аст, лекин феъли қаҳркунӣ дорад.

Ана ҳамин хислаташ ба ман намефорад. Дилхун мешавам аз рафтори кӯдаконааш. Намедонам якбора ӯро чӣ бало зада бошад, ки як рӯз хушсухан асту рӯзи дигар халтаи қаҳру ғазабашро ба сарам мерезад. Кӯшиш мекунам, ки муҳаббатамонро қавитар созам, вале натиҷааш бо ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад.

Аввалҳо телефонӣ сӯҳбатҳои тӯлонӣ мекардем, вале рафта-рафта бо ҳам гап намезадагӣ шудем. Эҳсос мекунам, ки дӯстдоштаам побанди ишқи дилбари дигар шудааст, вале ҳарчанд ба ҷону ҳолаш намонда мепурсам, фақат туро дӯст медорам мегӯяду халос!

Хонандагони азиз! Маслиҳатҳои судмандатонро аз ман дареғ надоред, магар ба ҷавонмарде, ки мисли обу ҳаво ҳар лаҳза тағйир меёбад, бовар кардан мумкин аст?

                                                                             Меҳрона.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД