Sebiston new 2024 october
Меҳрнигори Рустам бадбинонашро мушт зад
1828

Сарояндаи ҷавону муваффақ Меҳрнигори Рустам дар саҳифаи Инстаграм навореро нашр кард, ки дар он бадбинони худро мушт мезанад. Ба гуфтаи худи овозхон, саҳифаи ӯ барои инсонҳои пешрафта аст, на барои бадбинону бахилон.

“Дар рӯйи “хайтер”-ҳо (бадбинон) ҳамин хел занам, ки дигар гапи ганда гуфта натавонанд. Дар Инстаграми ман вируси бисёр ҷамъ шудааст. Расму наворҳои ман ин қадар нороҳататон кард? Нест шавед, саҳифаи ман барои инсонҳои бофаҳм ва пешрафта мебошад”,-навиштааст, Меҳрнигор. Қаблан Фирӯза Ҳафиза, овозхони дигари тоҷик аз дасти чунин “хайтер”-ҳо ба дод омада, бо номи “Фу, мегум фу” сурудеро нашр кард, ки миёни ҷомеа баҳси доғеро барангехт. Овозхон бо нашри суруди мазкур аз мардум даъват ба амал овард, ки ба ӯ кордор нашаванд ва аз паси зиндагии худ бошанд. Фирӯза Ҳафизова пурмоҷаротарин овозхони тоҷик мебошад, ки миёни ӯву корбарони шабакаҳои иҷтимоияш зуд-зуд нофаҳмиву муноқишаҳои лафзӣ сурат мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД