Маскав намерай, тамом!
Як рӯзи моҳи августи соли 1971 оромӣ дар ҳавлии корманди иттифоқи касабаи вилояти Кӯлоб Саидов халалдор шуд. Садои шевану гиряи духтари хурдӣ Тоҷинисо ба фалак мепечид. Ҳамсояҳо гӯшбақимор буданд ва асрори ин ҳама шӯру мағалро фаҳмидан мехостанд. Билохира, сабаб бармало шуд: Тоҷинисо ба Маскав, ба ВГИК – Институти давлатии умумииттифоқии кинематография дохил шудаасту падару модар зид, охир ин духтар омӯзишгоҳи тиббиро худи ҳамин сол хатм карда буд. «Ту девона шидай, ту киҷову Масква киҷо? Духтари тоҷик да шаҳрои калон номаъқул мекна? Намерай тамом!»- мегуфт падар ва модар низ ӯро дастгирӣ мекард.
-Падару модарам шавқи маро ба санъат медонистанд. Он замон журнали «Советский экран» нашр мешуд ва ман ҳамаи шумораҳои онро дастрас мекардам. Деворҳои ҳуҷраи маро аксҳои актёрони бузурги советӣ, ки дар муқоваи ин журнал нашр мешуд, зеб медоданд. Ба хотире, ки шавқи ман кам шавад, маро ба омӯзишгоҳи тиббӣ доданд, - мегӯяд Тоҷинисо.
Қарибиҳои бегоҳ дарвоза кушода шуд ва Асламшоҳ Раҳматуллоев, ҳоло Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бо падараш ворид шуданд. Падари Асламшо марди босалобат ва олуфтае буд. Ӯ бо овози омирона гуфт:
-Ҳа Саидов, шумо коммунист шуда, монеи таҳсили духтаратон мешавед? Дигарон аз шумо чӣ гуна ибрат гиранд? Тоҷинисо ба Маскав меравад, таҳсил мекунад. Мана Асламшо ҳамроҳаш, ӯро саробонӣ мекунад. Мо ҳамсояи қиёматӣ…
Падар, лол монда, чизе гуфта натавонист ва Тоҷинисоро иҷозат дод, ки ба Маскав равад. Ӯ аз Маскав ҳам бахт ёфту ҳам обрӯ…
Дар рӯ ба рӯйи ман он духтараки мубориз – ҳоло Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова нишастааст, ки ҳафтаи равон мавлуд дорад…
Маскав, ҳунар ва ишқ
«Ману Тоҷинисо аз хурдӣ шиносем. Ҳамсоя будем, якҷоя дар Маскав, дар Донишкадаи давлатии кинематографӣ таҳсил кардем. Айёми донишҷӯӣ дар як рӯзи таътил хоҳиш кардам, ки сару либоси миллӣ бипӯшад, то ба Намоишгоҳи хоҷагии халқ ба тамошо биравем… Дар намоишгоҳ ман ба тамошои ҳайкалу фаввораҳо андармон шуда, ӯро гум кардам. Ба қафо гашта дидам, ки дар майдончае мардуми бисёр ҷамъ омадаанд. Наздик шуда, Тоҷинисои чаканпӯшро дар миёни анбуҳи хориҷиён дидам, ки бо рақсу ҳаракатҳои зебои тоҷикона диққати ҳамаро ба худ ҷалб месозад ва хориҷиён ӯро аз чор тараф аксбардорӣ мекунанд… Он рақсу ҳаракатҳояш чунон табиӣ ва зебанда буданд, ки каси дигар як сол агар машқ кунад ҳам, аз уҳдаи чунин кор намебаромад…»
Асланшоҳ Раҳматуллоев,
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
- Ишқу алоқа ба санъат маълум, вале дар ин миён кӣ ё чӣ сабаб шуд, ки якбора шуморо ба ВГИК баранд?
- Тоҳир Собиров сабаб шуданд. Соли равон Кинофестивали байналмиллалии «Дидор» ба бузургдошти эшон бахшида мешавад. Руҳашон шод бод! Эшон ба кинои тоҷик хизмати зиёд кардаанд. Танҳо «Марги судхӯр» кифоя аст, ки эшонро дар қатори бузургтарин киносозон ном гирем. Он кас дар Кӯлоб филми «Хати парвоз»-ро ба навор мегирифтанд. Мо дар омӯзишгоҳи тиббӣ ансамбли рақсӣ доштем ва дар саҳнаҳои филм моро сабт карданд. Пас аз сабт аз мо пурсиданд: «Кӣ мехоҳад актриса шавад?». Табиист, ки ман даст бардоштам. Он кас номи ман ва ду нафари дигарро навишта гирифтанд. Ман ин хабарро ба Асланшоҳ гуфтам ва ӯро ҳам талқин кардам, ки худашро номнавис кунад. Моҳи август даъватнома гирифтем. Имтиҳони мо бо ширкати устодон аз Маскав ва Тоҷикистон сурат гирифт. Хоҳишмандон хеле зиёд буданд, аммо толеи мо баландӣ карду 12 нафар ба ВГИК дохил шудем. Хушбахтии дигари мо он буд, ки ба курси Сергей Федорович Бондарчук афтидем. Мо тоҷикистониён курси аввалини Бондарчук будем.
-Шумо дар Маскав на танҳо ҳунар балки бахти худро дарёфтед…
-Бале, рӯзе ки Обид Ҳомидов, директори киностудия моро ба Маскав гусел мекарданд, гуфтанд: «Худовандо, зиёд шуда беду кам нашавед». Мо моҳияти ин ҳарфро нафаҳмидем, аммо дар муддати 5 соли таҳсил ин дуо ҷомаи амал пӯшид, зеро аз 12 нафари мо 4 оила ба вуҷуд омад: Асланшо ва Гулчеҳра Раҳматуллоева, Зулхумор Иброҳимова ва Ёрмаҳмад, Соро Сабзалиева ва Юнус Юсупов ва ману Мақсудшо бо ҳамдигар оиладор шудем.
-Ба ҳар ҳол зеботарин ҷавони гурӯҳ ба шумо расид…
-На танҳо зеботарин, балки боистеъдодтарин.
-Аз қиссаи ишқи худ бигӯед.
-Мо дертар аз ҳама ба ҳам дил бастем ва дертар аз ҳама оиладор шудем. Мақсудшо ҷавони шаҳрӣ, аз оилаи актёри машҳур Қимматшо Имматшоев буд. Вақте таҳсилро тамом карда, ба Душанбе омадем, ӯро ба аскарӣ бурданд. Ман интизор шудам ва баъди ин тӯямон барпо гашт. Ҳамин тавр, мо соҳиби зиндагии обод ва се кӯдак шудем.
-…вале ҷанги шаҳрвандӣ Мақсудшо Имматшоевро аз шумо рабуд…
-Бале. Вақте нооромӣ сар шуд, ба ҷони Мақсудшо хатар таҳдид мекард. Ӯ аллакай актёр ва сарояндаи шинохта буд. Дар 13-14 филм нақшҳои ҷолибе офаридаву сурудҳояш маъруф буданд. Бародари Мақсудшо ӯро талқин кард, ки аз Тоҷикистон равад. Ман гуфтам, ки наравед, агар кӯлобиҳо омаданд, ман мебароям, помириҳо омаданд, шумо, аммо ӯ рафт. Рӯзи рафтанаш мисли кӯдак ҳар замон мегуфт: «Бахудо ман рафтанӣ нестам…». Ҳамин тавр, ӯ аввал ба Маскав ва баъди он ба Олмон рафт.
-Бо шумо алоқа дошт?
-Аз Маскав тез -тез занг мезад, аз Олмон мактуб менавишт. Дар охирин номааш навишта буд, ки ман ҳатман бармегардам, ин ҷо барои ман нест, аммо аз миён рафт…
Зиндагӣ дар саҳна
«Мо дар Маскав ҳамсабақ ва дугона будем. Дар Ватан мисли хоҳар қарин гаштем. Шиносоиамонро беш аз чил сол шудааст, вале ягон бор надидаам, ки аз ҳунараш, аз шуҳраташ фахри ноҷо кунад. Ҳама вақт як хел аст: одӣ, самимӣ ва меҳрубон. Дар офаридани нақшҳои мазҳакавӣ истеъдоди нодир дорад. Ҳар як санъаткор орзу мекунад, ки мисли Тоҷинисо табиӣ бошад».
Соро Сабзаалиева,
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
-Шумо Институти олии киноро хатм кардед, аммо ба театри Лоҳутӣ ба кор даромадед, чаро?
-Моро аслан киностудияи «Тоҷикфилм» барои таҳсил фиристода буд. Он вақт Обид Ҳомидов директори киностудия буданд ва бояд баробари баргаштанамон моро ба кор гирифта, дар киностудия як театри таҷрибавӣ мекушоданд. Вақте ки мо баргаштем, аллакай Обид Ҳомидовичро директори театри Лоҳутӣ таъин карда буданд, бинобар ин, эшон ҳамаи моро даъват карда гуфтанд, ки ман шуморо фиристодам, ман ба кор мегирам. Одамгариро бинед… Ҳамин тавр, аз 12 нафар мо 8 нафар ба театр ба кор даромадем: ман, Зулхумор, Соро, Солеҳа, Меҳрангез, Асламшо, Ёрмаҳмад, Ҳошим. Юнус дар Киностудияву Мақсудшо дар Институт ба кор даромаданд. Дигарҳо низ ҳар тараф тақсим шуданд. Ҳамин тавр, мо актёрони театр шудем.
- Аввалин нақшатонро ёд доред?
-Бале, дар спектакли бачагона нақши пионерро мебозидам. Дар спектакли «Бахтатро бедор мекунам» бошад, нақши модарро ба ман доданд, ки ин нақши калонам буд.
-Барои шумо, актрисаи кино кор дар театр душвор набуд?
-Кам фарқ мекунад. Касе, ки ГИТИС-ро хатм кардааст, менависанд: Актёр театра и кино.
-Беҳтарин роли дар театри Лоҳутӣ иҷрокардаатон кадом буд?
-Каҷакхон дар «Интихоби домод», Пирдухтар Наталия Степановна аз «Хостгорӣ»-и Чехов, ки ҳар ду нақшҳои характерноканд. Вақте дар Маскав таҳсил мекардем, як соли аввал сахт азоб кашидам, зеро ҳеҷ роҳи худамро пайдо намекардам. Тахминан баъди як сол ба ман нақши характернокро доданд, ки аз уҳдааш баромадам. Устодам Бондарчук мегуфт: «Ты характерная актриса». Ва воқеан, дар ҳамин гуна ролҳо муваффақ шудам.
-Умуман, дар театри Лоҳутӣ чанд нақш бозӣ кардед?
-23 нақш.
Пушаймонӣ
«Тоҷинисо ҳунарманди бомаҳорат ва нотакрор, зиндагиаш саҳна ва ҳадафи ҳаёташ ҳунар аст. Аз уҳдаи офаридани ҳама гуна нақш ба хубӣ мебарояд. Агар нақш ба табиаташ созгор биафтад, ба омодагии пешакӣ ниёз надорад. Тавре ки гӯё бо дӯстону пайвандон самимӣ суҳбат мекарда бошад, ҳамон тавр, бе ягон душворӣ самимона нақшашро ба дараҷаи аъло меофарад».
Убайдулло Раҷабов,
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
-Бубинед, шумо дар Театри Лоҳутӣ сабзидед ва муваффақ шудед, аммо чаро онро тарк кардед?
-Ин иштибоҳи калони зиндагии ман буд. Вақте Убайдулло Раҷабов аз театри Лоҳутӣ рафту «Оина»-ро бунёд кард, Ортиқи Қодир, Замира Юлдошева, Саидмурод Мардонов ва директори хоҷагии мо ба он театр гузаштанд. Бо вуҷуди он ки ба ман чандин маротиба пешниҳод шуд, ман аввал рад кардам, аммо билохира розӣ шудам. Мо театрро бо орзуҳои нек кушодему ба кор сар кардем. Аввалҳо корамон нағз буд, саҳначаҳо мегузоштем, ҳатто чандин саҳнаи моро телевизион сабт кард. Яке аз машҳуртарини онҳо ҳамонест, ки ману Раҳмондӯсти Қурбониён нақши зану шавҳарро бозӣ мекунему зан қаҳр карда меравад. Он саҳнача, бо шеър буд:
Эй мардаки беор бубин хор шудум,
Ай хӯрдани нони хушка афгор шудум,
Каллу кура бин чӣ сон маишат доранд,
Ма ай туву ай зиндагӣ безор шудум.
Ин саҳнаро Сафар Аюбзодаи Маҳзун навишта буду Ҳалим Сангин ба навор гирифт. Хеле машҳур шуд.
-Аммо чӣ монеъ шуд, ки театри «Оина» фаъолияташро идома диҳад?
-Театри «Оина» дар тобеияти Ҳукумати шаҳри Душанбе аст. Моро масъули чорабиниҳои давлатӣ карданду идеяҳоямон нобуд шуд. Пул ҷойи идеяро гирифт. Дигар аз ин ҷашн ба ин ҷашн кор мекардагӣ шудему саҳначаҳо монд. Бо вуҷуди ин то нафақа кор кардам…
-Ҳоло ҳам дар ин театр кор мекунед?
-Не. Ҳамаи театрҳо 20-30 нафарӣ нафақахӯрҳо – асосгузоронашро нигоҳ доштанду Театри «Оина» мо ду нафақахӯр – ману Саидмурод Мардоновро ронд, ба кӯча партофт. Ман баъди ин ба чандин театри дигар муроҷиат кардам, аммо маро ба кор нагирифтанд.
Аз «Хати парвоз» то «Пайванди шикаста»
«Агар мардум дар толоре ҳамроҳаш нишаста бошанду аз ӯ хоҳиш кунанд, ки ба саҳна баромада, нақши як зани шаттоҳ ва ҳақоратчии кӯҳистониро бибоз, ӯ осонакак бархоста, ин корро ба дараҷаи олӣ ба сомон мерасонад ва ҳамон тавр табиӣ омада дар ҷояш менишинад. Ин кор на ба ҳар кас даст медиҳад…»
Асалбек Назриев,
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
-Шумо чун актриса асосан дар синамо муваффақ ва машҳур шудед…
-Бале дар зиёда аз 20 филм нақш бозидаам…
-Бештар нақши занони деҳотӣ, аниқтараш занҳои ҷангараи деҳотиро ба шумо медиҳанд. Чаро? Оё ин ба хислати шумо наздик аст?
-Не, нақши занони ҳалимро ҳам иҷро мекунам, мисол дар «Муҳаббат» ва «Пайванди шикаста»…
-Нақши ба дилатон наздик дар синамо?
-«Марди мутааллиқи ду зан»…
Саҳнаро ёд кардам…
«Мо мисли Тоҷинисо Саидова дигар ҳунарманде надорем, ки симои бонувони одии куҳистонии тоҷикро ба ин дараҷа хубу самимӣ ва табиӣ