Sebiston new 2024 october
Меҳрнигор ҳамкасбонашро барқасд фиреб кард?
3084

Овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ниҳоят дар барномаи «Ногуфтаҳо»-и шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев иқрор шуд, ки оҳангҳояшро тариқи найранг ба ҳамкасбонаш мефурӯхт.


Ӯ 17-18 сол дошт, ки аввалин оҳангҳои худро эҷод мекард, вале таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб карда наметавонист. Аниқтараш, мардум бовар намекарданд, ки Меҳрнигор то ин дараҷа истеъдоди баланди оҳангсозӣ дорад. Ҳар касе оҳангҳои ӯро мешунид, боварияш намеомад, ки ин оҳанг моли Меҳрнигор аст. Баъдан Меҳрнигор ҳамроҳи Орзу Исоев найрангеро ба кор бурда, оҳангҳои эҷодкардаи ӯро аз номи каси дигар ва овозхонҳои тоҷик мефурӯхтаанд. «Мо оҳангҳоро эҷод кардем ва ба ҳама гуфтем, ки инҳо моли як зани тахминан 60-65 сола, ки дур аз Тоҷикистон, дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад ва исмаш Афсона Саробӣ аст.


МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ БАДБИНОНАШРО МУШТ ЗАД


Номи Афсонаро модари Меҳрнигор ва Саробиро худи ман интихоб карда будем, ки касе инро намедонист»,-мегӯяд, Орзу Исоев дар барномаи худ. Меҳрнигор низ суханҳои Орзуро тасдиқ карда, илова менамояд, ки ин идеяи Орзу Исоев буд. Онҳо иқрор шуданд, ки ба Раҳим Эл ду оҳанг, ба Зафар Абдуалимов як оҳанг ва ба Валиҷон Азизов низ ду оҳанг фурӯхтаанд. «Аслан, мегӯянд, ки дар зарурат дурӯғ низ раво бувад ва дурӯғе, ки мо гуфтем, дурӯғи созанда ва ба хотири наҷоту эҳтироми ҳунар буд»,-мегӯяд, Орзу Исоев ва аз онҳое, ки ҳамроҳи Меҳрнигор оҳанг фурӯхта буданд, узрхоҳӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД